«МАН НАМЕГУЗОРАМ, КИ МАРО ШИКАНАНД». Посухи шадиди Манижа ба танқидгарон

Апрель 12, 2021 11:26

ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки Россияро дар Евровидение-2021 бо суруди «Зани рус» муаррифӣ мекунад, ба афроде, ки ӯро танқид ва ба ӯ ҳамла мекунанд, эътирози шадид кард, менависад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии хабаргузории русии «Sputnik».

Ҳангоми муколама бо нашрияи бритониёии «The Guardian», Манижа изҳор кард, ки рӯзҳои аввал таҳаммули танқидҳо барояш душвор буд.

Вай гуфт, ки дар аввал ҳатто аз ҷой бархостан ва ба занги телефон ҷавоб додан барояш душвор буд. Вале ин монеаҳо ӯро танҳо обутоб медиҳанд.

«Ман ба худ имкони шикастан намедиҳам. Агар ман тоқат намекардам ва зери фишори «бадхоҳон» мешикастам, гиряро сар медодам, дуо мекардам, ки ба ман раҳм кунанд, пас бо ин тартиб нишон медодам, ки ҳамаи гуфтаҳои онҳо ҳақиқат дорад», — нақл кард  овозхон ба хабарнигорон.

Зодаи Тоҷикистон илова кард, ки ба танқидҳо нигоҳ накарда, минбаъд низ мусиқӣ эҷод хоҳад кард.

«Ман мехоҳам мусиқиҳои гуногун эҷод ва иҷро кунам, то рӯзе касе, дар ҳар жанре ки бошад, суруди маро бишунавад ва бигӯяд: «Ин Манижа аст, хайр чӣ, вай метавонад инро ба худ иҷозат бидиҳад», — гуфт сароянда бо ханда.

Манижа илова кард, ки муборизаро бо бегонаситезӣ дар ҷомеа ба қадри тавоноӣ ва қобилияти худ идома медиҳад ва зикр кард, ки маҳз интихоб ба Евровидение — 2021 ва мавҷи интиқодҳое, ки ба сӯи ӯ сарозер шуданд, аҷиб бошад ҳам, ба ӯ имкон дод, ки воқеан худро зани рус эҳсос кунад.

Озмуни сурудҳои Евровидение — 2021, ки ҳунармандони кишварҳои мухталифро гирди ҳам меорад, 18-22 май дар саҳнаи Ahoy Arena баргузор мешавад.

Россияро дар Евровидение — 2021 зодаи Тоҷикистон- Манижа муаррифӣ мекунад. Дар озмун сароянда композитсияи «Зани рус» -ро иҷро мекунад. Тамошобинони Шабакаи аввал ҳангоми интихоби миллӣ ба ҷонибдории суруд ва ҳунарманд овоз доданд.

Суруди «Зани рус» вокуниши васеи ҷамъиятӣ ба бор овард. Мавҷи интиқодҳои шадид ба сари Манижа сарозер шуд, аз ҷумла аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ низ. Онҳо изҳор мекунанд, ки матни суруд арзишҳои «зиддироссиягиро» -ро таблиғ мекунад.

Илова бар ин, Кумитаи тафтишот низ ба суруд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст. Ҳоло матни сурудро «барои таҳқири дағалона ва резонидани обурӯи  инсонии занони рус» тафтиш мекунанд.

                                                 АКС аз манбаъҳои озод

Апрель 12, 2021 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд