«МАН НАМЕГУЗОРАМ, КИ МАРО ШИКАНАНД». Посухи шадиди Манижа ба танқидгарон
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки Россияро дар Евровидение-2021 бо суруди «Зани рус» муаррифӣ мекунад, ба афроде, ки ӯро танқид ва ба ӯ ҳамла мекунанд, эътирози шадид кард, менависад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии хабаргузории русии «Sputnik».
Ҳангоми муколама бо нашрияи бритониёии «The Guardian», Манижа изҳор кард, ки рӯзҳои аввал таҳаммули танқидҳо барояш душвор буд.
Вай гуфт, ки дар аввал ҳатто аз ҷой бархостан ва ба занги телефон ҷавоб додан барояш душвор буд. Вале ин монеаҳо ӯро танҳо обутоб медиҳанд.
«Ман ба худ имкони шикастан намедиҳам. Агар ман тоқат намекардам ва зери фишори «бадхоҳон» мешикастам, гиряро сар медодам, дуо мекардам, ки ба ман раҳм кунанд, пас бо ин тартиб нишон медодам, ки ҳамаи гуфтаҳои онҳо ҳақиқат дорад», — нақл кард овозхон ба хабарнигорон.
Зодаи Тоҷикистон илова кард, ки ба танқидҳо нигоҳ накарда, минбаъд низ мусиқӣ эҷод хоҳад кард.
«Ман мехоҳам мусиқиҳои гуногун эҷод ва иҷро кунам, то рӯзе касе, дар ҳар жанре ки бошад, суруди маро бишунавад ва бигӯяд: «Ин Манижа аст, хайр чӣ, вай метавонад инро ба худ иҷозат бидиҳад», — гуфт сароянда бо ханда.
Манижа илова кард, ки муборизаро бо бегонаситезӣ дар ҷомеа ба қадри тавоноӣ ва қобилияти худ идома медиҳад ва зикр кард, ки маҳз интихоб ба Евровидение — 2021 ва мавҷи интиқодҳое, ки ба сӯи ӯ сарозер шуданд, аҷиб бошад ҳам, ба ӯ имкон дод, ки воқеан худро зани рус эҳсос кунад.
Озмуни сурудҳои Евровидение — 2021, ки ҳунармандони кишварҳои мухталифро гирди ҳам меорад, 18-22 май дар саҳнаи Ahoy Arena баргузор мешавад.
Россияро дар Евровидение — 2021 зодаи Тоҷикистон- Манижа муаррифӣ мекунад. Дар озмун сароянда композитсияи «Зани рус» -ро иҷро мекунад. Тамошобинони Шабакаи аввал ҳангоми интихоби миллӣ ба ҷонибдории суруд ва ҳунарманд овоз доданд.
Суруди «Зани рус» вокуниши васеи ҷамъиятӣ ба бор овард. Мавҷи интиқодҳои шадид ба сари Манижа сарозер шуд, аз ҷумла аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ низ. Онҳо изҳор мекунанд, ки матни суруд арзишҳои «зиддироссиягиро» -ро таблиғ мекунад.
Илова бар ин, Кумитаи тафтишот низ ба суруд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст. Ҳоло матни сурудро «барои таҳқири дағалона ва резонидани обурӯи инсонии занони рус» тафтиш мекунанд.
АКС аз манбаъҳои озод








Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст






