Машваратҳои сиёсии гурӯҳи кишварҳои Вишеград ва Осиёи Марказӣ дар шакли видеоконференсия баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел машваратҳои сиёсии муовинони вазирони корҳои хориҷии гурӯҳи кишварҳои Вишеград (Полша, Венгрия, Словакия ва Чехия) ва Осиёи Марказӣ дар шакли видеоконфернсия баргузор гардиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин муколама муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни чорабинӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масоили таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гуфтугӯ намуданд.
Амалисозии роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, барқарорсозии иқтисодиёт дар пасманзари ҳамагирии COVID-19 ва амнияти минтақавӣ дар меҳвари ин нишаст қарор гирифтанд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






