Шукрона Карчиева дар Чемпионати Осиё-Океания барои медали биринҷӣ талош мекунад
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 апрел дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Чемпионати Осиё-Океания оғоз шуд, ки дар он се варзишгарбонуи тоҷик — Шукрона Карчиева дар вазни 48кг, Аҳлия Мӯъминова дар вазни 52кг ва Фазилат Гулбоева дар вазни 52кг рақобат намуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нахустин шуда, Шукрона Карчиева бо намояндаи Чин — Ка Ки Вонг вориди майдони рақобат шуд. Дар ин дидор намояндаи кишвари мо пирӯз шуда, ба даври навбатӣ роҳ ёфт. Дар даври 2-юм Шукрона аз варзишгари кишвари Тайбэйи Чин – Лин Чен – Ҳао мағлуб шуд. Вале ин анҷоми кор нест, зеро Шукрона Карчиева дар даври тасаллибахш бар варзишгарбонуи мизбон – Мусакулова Айсулу ғолиб омад. Акнун барои ба даст овардани медали биринҷӣ Шукрона Карчиева бо ғолиби ҷуфти Гулнур Муратбаева (Ӯзбекистон) ва Абиба Абужакёнова (Қазоқистон) рақобат мекунад.
Ду варзишгари дигари тоҷик Аҳлия Мӯъминова дар даври аввал аз намояндаи кишвари Туркманистон — Гулбодом Бобомуродова дучори бохт шуда, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Фазилат Гулбоева низ ба монанди Аҳлия дар даври нахуст аз Тинка Истони австриягӣ мағлуб шуд.








Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад






