Ғолибони даври аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел бозии дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар варзишгоҳи «Истаравшан-Арена» баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ шогирдони Маҳмадҷон Ҳабибуллоев рақобатро фаъолона оғоз намуда, дар дақиқаи 28-ум бо голи задаи Аббос Икромов ба пеш баромаданд. Ин ягона голи ин рақобат буд ва ҳамин тавр дастаи футболи «Истаравшан» -и шаҳри Истаравшан бо натиҷаи минималии 1:0 пирӯз шуда, мавсими нави Лигаи олиро бо ғалаба оғоз кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Баъди ин сабқат дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо касби 3 хол ба зинаи сеюми ҷадвали Лигаи олӣ роҳ ёфт.
5 апрел дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар доираи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар сафар бо дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд доир гардида, бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 4 апрел Чемпионати Тоҷикистон-2021 оид ба футбол байни дастаҳои футболи Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста оғоз ёфт. Дар даври якуми чемпионат дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Дар ин рӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 4:1 ғолиб омад.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«Хуҷанд» – «Душанбе» – 4:1
Голоҳо: Максим Грек, 38 (1:0). Артем Сердюк, 42 (2:0). Дилшод Бозоров, 56 (3:0). Парвиз Баки-Ахунов, 68 (4:0). Анушервон Наврӯзов, 88 (4:1).
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«Файзканд» – КМВА – 1:0
Гол: Сайёди Коусшо, 15 – (худгол).
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«Эсхата» – «Хатлон» – 1:1
Голҳо: Акобир Тураев, 45+2 (ҷаримаи ёздаҳметра) (1:0). Жан Гатен, 51 (ҷаримаи ёздаҳметра) (1:1).
Чемпионат Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«Истаравшан» – «Равшан» – 1:0.
Гол: Аббос Икромов, 28.
Баъди ин пирӯзӣ дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо касби 3 хол пешсафи ҷадвали Лигаи олӣ мебошад. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо касби 3 хол дар зинаи дуюми ҷадвали Лигаи олӣ ҷой дорад. Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан низ бо 3 хол дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
4 апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Файзканд» – КМВА-1:0
Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ
«Хуҷанд» – «Душанбе» 4:1
Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
5 апрел (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Эсхата» – «Хатлон»-1:1
Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
6 апрел (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Истаравшан» – «Равшан»-1:0
Истаравшан, варзишгоҳи марказӣ








Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс ҷамъбаст гардид
Довталабони иҷозатномаи «PRO» оид ба футбол таҷрибаомӯзиро дар дастаи миллии Тоҷикистон анҷом доданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
«МегаФон Тоҷикистон» шарики кулли Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид
Замони баргузории бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Малдивро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Малдив бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозӣ бо Малдив ба шаҳри Мале рафт
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби мақоми ҳафтум гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тими Малдив бозӣ мекунад
БОЗИҲОИ СЕЮМИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ. То 8 октябр варзишгарони тоҷик соҳиби 22 медал гардиданд






