Ғолибони озмуни Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои калон «Шаҳр дар оинаи ВАО-2020» бо дипломҳо сарфароз шуданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дипломҳои ғолибони озмуни IX байналмилалии МАГ «Шаҳр дар оинаи ВАО-2020», ки дар доираи Форуми байналмилалии «Мегаполиси асри XXI» баргузор гардид, аз ҷониби Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои калон ба Тоҷикистон фиристода шуданд.
Маросими мукофотонидани ғолибон — муаллифони мақолаҳое, ки дар Нашрёти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» чоп шудаанд, 27 апрел дар идора баргузор гардид.
Сармуҳаррири нашрия Маҳбуба Камолова ба муовини директори Корхонаи давлатии «Шарқи Озод» -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умар Шерхонов барои мақолае бо номи «Дили модар» дар бахши «75-умин солгарди Ғалабаи бузург. Мо дар ёд дорем ва фахр мекунем!»» дипломи дараҷаи дуввумро ботантана супурд. Дар номинаи «Шаҳри ҳушманд — шаҳри бехатар» муҳаррири шуъба Лутфия Эшонқулова барои мақолаи «Қаҳрамонони ин баҳор» сазовори чунин диплом гардид.
Ҳакамон ба мақолаҳои «Народная газета» бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ободонии пойтахт ва одамоне, ки ба табибон дар мубориза бо коронавирус кумак мерасонанд, баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки нашрия дар ин озмун ҳашт ҷоиза ба даст овард.
Аз ҷумла, муаллифони хориҷии «Народная газета» — Олег Соболев барои мақолааш таҳти унвони «Ин мо будем, ки фашистонро мағлуб кардем» дар бахши «Ғалабаи бузург — 75 сол. Мо дар ёд дорем ва фахр мекунем!» ҷои аввалро гирифт. Нависанда-рӯзноманигор Владимир Фролов ба шарофати мақолаи «Фармондеҳи афсонавии эскадрон аз Доробӣ» ин ҷойро бо ӯ бо ҳам дид.
Дар ҳамин номина ҷои дуюм насиби собиқадори мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркин Муҳиддинов барои мақолаи «Корнамоии ҷовид», муаллим, доктори илмҳои педагогӣ Умарҷон Юлдошев — барои «Корнамоии табибон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ», арбоби ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мӯсоева — барои «Таърихи сарбоз» гардид.
Инчунин хабарнигори «НГ» Сайидо Назаров бо мақолаи «Душанбе — шаҳри сулҳ» дар номинаи «Шаҳри ҳушманд — шаҳри бехатар» мақоми аввалро касб кард.
Ба озмун лоиҳаҳои татбиқшудаи журналистӣ дар телевизион, радио ва инчунин ВАО-и чопӣ ва Интернет, ки ба таҳкими обрӯи маъмурияти шаҳр, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам дар рушди устувори шаҳр ва баланд бардоштани моҳияти фаъолияти ВАО мусоидат мекунанд, пешниҳод шуда буданд. Дар маҷмӯъ, 25 шаҳр аз 4 кишвари ИДМ — Россия, Беларус, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар 5 номинаи Озмуни байналмилалӣ ширкат варзиданд.
«Шаҳр дар оинаи ВАО» 53 воситаи ахбори оммаро ҷалб кард. ВАО -и Душанбе, Қазон, Новосибирск, Нижний Новгород, Симферопол ва Ставропол бештар фаъол буданд.
Ҳангоми арзёбии асарҳои номзадҳо ҳакамон ба муҳимият, пурмазмунӣ ва дурахшонии мавод, аслӣ будан услуби иншо эътибор доданд. Онҳо инчунин натиҷаҳои амалии татбиқи барномаҳои рушди шаҳрӣ, фароҳам овардани муҳити бароҳати шаҳрӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолиро ба инобат гирифтанд.
Эълони ғолибони Озмуни IX байналмилалӣ 11 март дар шакли конфронси онлайн сурат гирифт.
АКС аз бойгонӣ









Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд






