Падари Президенти Туркманистон аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Падари Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Агентии давлатии иттилооти ин кишвар хабар медиҳад.
Мяликгули Бердимуҳамедов «ҳаёти худро ба халқи худ ва ватани худ бахшида, намунаи шикастнопазири ватандӯстӣ ва инсондӯстиро нишон дод», — гуфта мешавад дар паём.
Дар оғози фаъолияти меҳнатӣ ӯ ба ҳайси китобдор ва баъдтар ба сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ кор кардааст. Аз соли 1958 то 1982 Мяликгули Бердимуҳамедов дар Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият намудааст. Пас аз ба нафақа баромадан ӯ омӯзгориро идома медиҳад.
Номи падари Президенти Туркманистон ба қисми низомии №1001-и пойтахт ва маҷмааи истиқоматии Чоганлӣ гузошта шудааст.
Соли 2012 дар деҳаи Изгант (дар вилояти Ахал) муҷассамаи якумрӣ барояш кушода шуд.
АКС: Altyn Asyr TV (Золотой век) — Телевизиони давлатии ҷамъиятиву сиёсии Туркманистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






