Артиши миллии Афғонистон 104 узви гурӯҳи «Толибон»-ро маҳв ва 68 тани дигарашро захмӣ кард

Апрель 7, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/ Вазорати мудофиаи Афғонистон эълом кардааст, ки дар 24 соати гузашта дар амалиётҳо ва даргириҳо миёни артиши миллӣ ва гурӯҳи «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар манотиқи мухталифи кишвар 104 узви гурӯҳ кушта ва 68 тани дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Ҳашти  субҳ» 8am.af com.

Дар изҳороти Вазорат аз 05 апрели соли равон омадааст, ки дар шабонарӯзи гузашта ҳангоми амалиётҳо ва даргириҳо дар вилоятҳои Ғазнӣ, Зобул, Ҳирот, Фароҳ, Бодғис, Форёб, Балх, Ҳилманд, Бадахшон ва Қандаҳор миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангии ин гурӯҳ нобуд ва 168 минаи ҷосозишуда ошкор ва безарар карда шудааст.

Гарчанде ки вазорат дар бораи талафоти неруҳои ҳукуматӣ хабар надодааст, аммо бар асоси гузоришҳо дар ин муддат ба неруҳои давлатӣ низ талафот ворид шудааст.

Тибқи гузоришҳои расида дар минтақаҳои гуногуни кишвар 26 хизматчии низомӣ ва кормандони полис кушта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки задухӯрдҳо миёни қувваҳои ҳукуматӣ ва “Толибон” дар манотиқи мухталифи кишвар шиддат ёфта ва мақомоти амниятӣ аз омодагии ин гурӯҳ барои ҷанги бештар хабар медиҳанд.

Апрель 7, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»