Артиши миллии Афғонистон 104 узви гурӯҳи «Толибон»-ро маҳв ва 68 тани дигарашро захмӣ кард
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/ Вазорати мудофиаи Афғонистон эълом кардааст, ки дар 24 соати гузашта дар амалиётҳо ва даргириҳо миёни артиши миллӣ ва гурӯҳи «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар манотиқи мухталифи кишвар 104 узви гурӯҳ кушта ва 68 тани дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Ҳашти субҳ» 8am.af com.
Дар изҳороти Вазорат аз 05 апрели соли равон омадааст, ки дар шабонарӯзи гузашта ҳангоми амалиётҳо ва даргириҳо дар вилоятҳои Ғазнӣ, Зобул, Ҳирот, Фароҳ, Бодғис, Форёб, Балх, Ҳилманд, Бадахшон ва Қандаҳор миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангии ин гурӯҳ нобуд ва 168 минаи ҷосозишуда ошкор ва безарар карда шудааст.
Гарчанде ки вазорат дар бораи талафоти неруҳои ҳукуматӣ хабар надодааст, аммо бар асоси гузоришҳо дар ин муддат ба неруҳои давлатӣ низ талафот ворид шудааст.
Тибқи гузоришҳои расида дар минтақаҳои гуногуни кишвар 26 хизматчии низомӣ ва кормандони полис кушта шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки задухӯрдҳо миёни қувваҳои ҳукуматӣ ва “Толибон” дар манотиқи мухталифи кишвар шиддат ёфта ва мақомоти амниятӣ аз омодагии ин гурӯҳ барои ҷанги бештар хабар медиҳанд.








Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






