Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иштирок дар бизнес-форум ба шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон рафт

Апрель 22, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз ҳайати расмии вилояти Суғд  бо раҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ҷиҳати иштирок дар бизнес-форуми «Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст» ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон рафт.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин сафар роҳбари вилоятро раисони ноҳияҳои  наздисарҳадӣ ва масъулини соҳаҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро дар Фурудгоҳи байналмилалии Фарғона муовини якуми ҳокими Фарғона Аваз Ӯринбоев, раиси шаҳри Фарғона  Мирзоҳид Убайдуллоев ва дигар мутасаддиён истиқбол гирифтанд.

Ҳайати вилояти Суғд дар бизнес-форуми минтақавӣ ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба рушди минтақаҳои наздисарҳадиро якҷо бо ҳайатҳои расмии вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ менамоянд.

АКС: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 22, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд