«СҲШ. Нуфузи байналмилалӣ боло меравад»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯйдоду ҳаводиси сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар ҳафтаи равон дар матбуоти даврии Тоҷикистон бозтоб гардидааст.
«Ҷумҳурият»-нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 78 (24185) сешанбе, 20 апрели соли 2021, дар радифи чопи хабару гузоришҳои расмӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода ва шибҳи қора» мақолаи Доктор Орифи Навшоҳиро (Покистон) ба табъ расонидааст, ки муаллиф чунин навиштааст: «Моҳи июни соли 2010 маро бори дигар гузар ба сарзамини тоҷикон афтод ва ин бор бо фароғат ва фурсати бештар суроғи осори мафохири миллӣ ва фарҳангиро мегирифтам ва ҳар куҷо мешунидам, ки асаре фохири фарҳангӣ дар хоки Тоҷикистон аст, бо иродатмандӣ ба дидори он мешитофтам. Сафарро аз Панҷакент, деҳаи Рӯдак оғоз кардам ва роҳи Мазори Шарифу Хуҷанду Хатлонро паймуда, ба Душанбе омадам. Дар ин сафар ифтихор доштам, ки маҳали будубош ва хокҷойи бузургони адабу фарҳанги форсии тоҷикӣ, ҳамчун Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Муслиҳиддини Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абуисҳоқи Хатлониро аз наздик бидидам. Дар яке аз чоштҳо бо дӯст ба мизбони теппаи шаҳраки Лучоб рафтам, ки аз мақбаратулшуарои Тоҷикистон низ дидоре кунам. Дар он ҷо сари таъзим муқобили хокҷойи Турсунзода ва дигар номдорони фарҳанг ва адабу ҳунар фурӯ кардам».
Ҳамзамон дар ин шумораи «Ҷумҳурият» мақолаҳо таҳти унвони «СҲШ. Нуфузи байналмилалӣ боло меравад», «Ёдгориҳои таърихӣ. Вазъ ҳамоно ташвишовар аст!», «Ҳошим Гадо –шиноси ношинос», «Танзим. Баҳси қонуншикании як мансабдор дар суд», «Кай ҳақ ба ҳақдор мерасад?», «Мушкилоти экологӣ ва саҳми Тоҷикистон дар ҳалли он» ва дигар хабару гузоришҳо аз дохил ва хориҷи кишвар нашр гардидаанд.
Аз шумораи 79 (24186), чоршанбе, 21 апрели соли 2021-и нашрияи расмии «Ҷумҳурият» хонандагон имкон доранд, ки дар радифи хабару гузоришҳои расмӣ, инчунин мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимовро, ки таҳти унвони «Масъалаи ташаккули инсон дар таълимоти Пешвои миллат» ном дорад, мутолиа намоянд. Аз ҷумла, дар мақола омадааст: «Дар таълимоти Пешвои миллат илм, дониш, маърифат ва фарҳанг аз омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ шуморида мешаванд. Аз мантиқи даъвати рӯй бар ин ганҷ ниҳодани Сарвари кишвар бармеояд: мо ҳамон вақт ҳадафмандона, оқилона ва муваффақона давлати миллии худро месозем ва онро аз таҳти дил, бо тамоми ҳастӣ − бошуурона ҳимоя карда метавонем, агар хонем, омӯзем». Мақолаи мазкур, ки дар нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа» №2 (24), соли 2021 бознашр гардидааст, аз муқаддима ва қисматҳои зерин: «Иқтисодиёт ва маориф», «Принсипи таърихият ва масъалаҳои рушди тафаккур», «Мантиқи диалектикӣ ва инкишофи ҷаҳонбинӣ», «Сифат ва масъалаҳои таълим», «Маориф ва сиёсат», «Маориф ва масъалаҳои ҷаҳонбинии миллӣ» ва хулоса иборат мебошад.
«Садои мардум»— нашрияи Парлумони Тоҷикистон — Маҷлиси Олӣ дар шумораҳои 51-52 (4313-4314), сешанбе 20 апрели соли 2021 бо нашри хабару гузоришҳоро аз фаъолияти палатаҳои поёнӣ ва болоии Парлумони мамлакат, ҳамзамон қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе», «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон», «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод», «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Л. И.»-ро интишор намудааст.
«Народная газета» -нашрияи расмии русизабони Тоҷикистон дар шумораи 15 (20296) 21 апрели соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмии кишвар хабару гузоришҳои расмиро аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намудааст. Ҳамзамон дар ин шумораи нашрия мақолаҳои зерин: «Мы не должны отставать от современных процессов мировой науки и технологий» (Речь Главы государства Эмомали Рахмона на первом заседании Совета по науке, образованию и инновациям при Президента Республики Таджикистан, 15 апреля 2021 год, город Душанбе), «Эмомали Рахмон: «ШОС –важный фактор мировой политики», «Один год плодотворного труда», «Исторические объекты- великое наследие предков», «Исламский Центр Таджикистана рекомендует соблюдать санитарные нормы в мечетях», «Политический исламизации подрывает основы стабильности в Центральной Азии», «Сенсация года в мире искусства-«Наврузнома» Хошима Гадо» чоп шудаанд.
«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 16 (1310), чоршанбе, 21 апрели соли 2021 дар баробари чопи хабарҳои расмӣ ва мавод аз ҳаёти ҳизб, инчунин доир ба иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш интишор намудааст. Ҳамзамон хонандагон аз ин шумораи нашрияи ҲХДТ метавонанд мақолаҳои «Фаъолияти инноватсионӣ -пайвандгари илм бо истеҳсолот», «Таносуб ва пайванди унсури давлати миллӣ ва ҳукумат дар амалияи сиёсӣ», «Баҳсҳо доғтар мешаванд», «Тоҷикон аз азал дӯстдори варзиш буданд», «Ошёни меҳр», «Чаро меъёрҳои хубро гум мекунем?», «Маърифати экологӣ», «Китобҳои дарсӣ: Ислоҳот бояд ягона бошад» ва ғайраро мутолиа намоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»