Сардори хадамоти истихборотии «Толибон» бо ҳашт аъзои ин гурӯҳ дар вилояти Балх маҳв карда шуданд

Апрель 16, 2021 10:27

ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аҷмал «Мошак», сардори хадамоти истихборотии «Толибон», ҳамроҳ бо ҳашт ҷангҷӯи дигари ин гурӯҳ дар вулусволии Балхи вилояти Балх кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “8 Субҳ” 8am.af.

Корпуси низомии 209-уми «Шоҳин» бо нашри хабарномае гуфтааст, ки Аҷмал «Мошак» рӯзи чаҳоршанбе (14 апрел) дар деҳаи Ҳусейнхели вулусволии Балх ду шаҳрванди ғайринизомиро ба қатл расонид. Пас аз ин маҳали будубоши ӯ аниқ ва ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифт.

Дар хабарнома омадааст, ки дар натиҷаи ҳамлаи қувваҳои ҳавоӣ сардори хадамоти истихборотии «Толибон» Аҷмал «Мошак» ҳамроҳ бо ҳашт ҷангҷӯи ин гурӯҳ кушта ва панҷ нафари дигар шадидан захмӣ шудаанд.

Дар  хабарномаи Корпуси низомии 209-уми «Шоҳин» қайд шудааст, ки  Аҷмал «Мошак» дар куштори ҳадафманди низомиёни неруҳои мусаллаҳ ва кормандони ҳукумат дар вилояти Балх даст дорад.

Дар хабарнома инчунин омадааст, ки Аҷмал «Мошак» фаъолияти чандин гурӯҳҳои террористиро роҳбарӣ мекард ва дар куштори ҳадафманди кормандони зан дар вилояти Балҳ ва доктор Солеҳ Самим, сардухтури Корпуси низомии 209-уми «Шоҳин» чанд рӯз қабл нақши калидӣ дошт.

Апрель 16, 2021 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид