ШАКЛУ УСУЛҲОИ НАВИ ТОРУМОРИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОИРО ПАЙДО КАРДАНД. Дар Тоҷикистон машқҳои муштарак бо Россия анҷом ёфтанд

Апрель 24, 2021 18:16

ДУШАНБЕ, 24.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар се тамрингоҳи Тоҷикистон машқҳои  муштараки ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Россия анҷом ёфтанд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дирӯз дар маросими ҷамъбасти натиҷаи  машқҳо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо, Фармондеҳи Округи марказии ҳарбии Россия генерал-полковник Александр Лапин, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.

Шералӣ Мирзо зимни суханронии худ тазаккур дод, ки дар ҷараёни тамринҳо талаботи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини қобилияти мудофиавии кишвар, таҳкими иттиҳоди ҳарбӣ ва санҷиши самаранокии ҷангии ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ иҷро карда шуданд.

«Бисёр муҳим аст, ки дар ҷараёни тамрин мо шаклҳо ва усулҳои нави истифодаи неруҳоро барои торумор кардани гурӯҳҳои калони ҷиноӣ бо назардошти рушди воситаҳои ҷанг ва арзёбии таҷрибаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи муосир пайдо кардем. Ба ташкили системаи ягонаи назорат ва ҳамкории ҳар як унсури гурӯҳи муттаҳидаи неруҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд», — гуфт Фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин.

Ёдовар мешавем, ки тамринҳои муштараки Тоҷикистон  ва Россия  аз 19 то 23 апрел дар  тарингоҳҳои Ҳарб-Майдон, Момирак ва Самбули вилояти Хатлон баргузор шуданд.

Дар тамринҳо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои Базаи ҳарбии 201-уми Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия ширкат варзиданд.


Ба тамринҳо то 400 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла чархболҳои Ми-24 ва Ми-8, танкҳои Т-72, ​​мошинҳои ҷангии пиёда, зиреҳпӯшҳо, системаҳои мушакии «Град», «Ураган», дастгоҳҳои артиллерии «Карнавал» ва «Акация» сафарбар шуданд.

Дар марҳилаи ниҳоӣ ҳайати сарнишинони чархболҳои Ми-8 ва Ми-24 аз усули «гардиши чархбол» истифода намуда, захираҳои расидаистодаи «гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ»-ро  торумор намуда, системаҳои мушакии «Град», «Ураган» ва дастгоҳҳои артиллерии «Акация» «душманон»-ро ба «халтаи оташ» кашиданд ва онҳоро несту нобуд карданд.

 

ДАР АКС: маросими ҷамъбасти тамринҳо. Аксҳо аз манбаъҳои боз

Апрель 24, 2021 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд