ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 апрел, панҷшанбе, 119- умин рӯзи соли 2021 аст

Апрель 29, 2021 08:00

29 апрели соли 2011 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 15-солагии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

8 сол пеш, 29 апрели соли 2013 Низомномаи таъйин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвазири вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев аз намоишгоҳ — гӯшаи Тоҷикистон бахшида ба саҳми Тоҷикистон  дар  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, ки дар Осорхонаи марказии ҶБВ, воқеъ дар Поклонная гораи шаҳри Москва  ифтитоҳ гардид, дидан  намуд.

29 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии рақс.

***

Рӯзи гиромидошти хотираи қурбониёни силоҳи кимиёвӣ.

РӮЙДОДҲО:

29 апрели соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

***

29 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ҳамроҳ шуд.

***

7 сол пеш, 29 апрели соли 2014 дар Душанбе амнияти энергетикии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

***

29 апрели соли 2014  дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди он таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.

***

29 апрели соли 2016 дар мусобиқаи интихобии   Осиё оид ба таэквондо WTF барои пайдо кардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио, ки дар пойтахти Филиппин- шаҳри Манила ба анҷом расид, ду нафар варзишгарони мамлакат ба гирифтани медалҳои  биринҷӣ муваффақ шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1961 анҷумани аввалини зиёиёни Тоҷикистон доир гардид.

***

Соли 1931 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин барномаи телевизионии касбӣ  намоиш дода шуд.

Апрель 29, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст