Тоҷикистон имсол мизбони барномаҳои сатҳи баланд ва бонуфузи сайёҳӣ мегардад

Апрель 13, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон Тоҷикистон мизбони чандин барномаҳои сатҳи баланди сайёҳӣ, ба мисли Форуми байналмилалии рушди агротуризм, дар доираи таҷлили 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай ташкили форуми сайёҳии СҲШ, ҷаласаи вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ, фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ, дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе — пойтахти сайёҳии ЭКО барои солҳои 2020-2021 гузаронидани Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии ЭКО» мегардад, ки ба нуфузи соҳаи сайёҳии кишвар таъсири баланд мегузорад.

Дар ин бора  зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар се моҳи аввали соли равон  иттилоъ дода шуд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар ин замина бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат ба оламиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.

Ҳамзамон Тоҷиддин Ҷӯразода иброз кард, ки соли равон  барои кишвари мо воқеан соли таърихист. Таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли охирини Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти пурсамарро ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои банақшагирифта тақозо менамоянд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ низ барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди муаррифи симои сайёҳии Тоҷикистон масъул мебошад.Аз ин рӯ,  масъулини соҳаро дар маҳал зарур аст, ки барои ба даст овардани дастовардҳои назаррас ҷиҳати таъмини рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ дар самтҳои марбута, сари вақт пешниҳод намудани таҳлилҳо, ташвиқи хатсайрҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғиби имконияти сайёҳии шаҳру ноҳияҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, таъмини иҷрои супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва таҳияи босифати санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба фаъолияти худ тақвият бахшанд.

АКС аз Кумитаи рушди сайёҳӣ

Апрель 13, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид