«Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем!». Таҳти ин шиор маъракаи поксозии мавзеъҳои сайёҳгузар гузаронида шуд

Апрель 28, 2021 10:42

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем!»-таҳти ин шиор  ҳафтаи равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъракаи поксозии  мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид. Ҳашарҳои дастаҷамъонаи тозакунии мавзеъҳои сайёҳӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи ҳашарҳои ҷумҳуриявӣ ва чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

-Ҳадафи аслии тозакориҳо беҳдошти фазои экологӣ ва омодагиҳо ба қабули сайёҳон мебошад, иттилоъ медиҳад Кумитаи руши сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бо паст гаштани шиддати паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 дар ҷаҳон гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила зиёд гашта, ҷой доштани ҳар гуна партовҳои зиёд дар мавзеъҳои сайёҳгузар боиси озурдахотирии меҳмонону сайёҳони хориҷӣ мегардад. Аз ин рӯ, аз сокинони мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ободу тоза нигоҳ   доштани ҳар гӯшаи диёр саҳми назаррас гузоранд, то меҳмонону сайёҳон бо таассуроти нек ба кишвари худ баргарданд. Ин иқдом яке аз роҳҳои беҳтарини таблиғот оид ба муаррифии имконияту иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар  ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тадбири мазкурро  мунтазам роҳандозӣ намуда, дар доираи он корҳои ободонӣ, созандагӣ ва тоза намудани мавзеъҳои сайёҳӣ гузаронида мешаванд.

 Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 28, 2021 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд