«УСТОД АЙНӢ ДАР МАҚОМИ РӮШАНГАРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон маҳфили илмию эҷодӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосир ва фарҳангу маданияти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳти унвони «Устод Айнӣ дар мақоми рӯшангарии миллӣ» маҳфили илмию эҷодӣ баргузор гардид.
Устоди донишкада Нозим Нуров дар мавзӯи «Устод Айнӣ дар мақоми рӯшангарии миллӣ» маърӯза карда, доир ба шахсияти Садриддин Айнӣ ва ҷойгоҳу мақоми ӯ дар таърихи миллӣ маълумот дод.
Мавсуф аз ҷумла таъкид кард, ки устод С. Айнӣ аз ибтидои садаи ХХ то охири умр дар масири рӯшангарии миллӣ устуворона гом бардошта, аз миллати тоҷик дар баробари душманони қавмию сиёсӣ дифоъ кардааст. Ин аст, ки шинохти шахсият ва омӯзиши бардавоми осори устод Садридин Айнӣ зарурати таърихию сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва миллӣ мебошад.
Дар бахши эҷодии маҳфил донишҷӯёни шуъбаи актёрӣ порчаҳои насриро аз осори устод Айнӣ қироат намуданд. Порчаҳои мунтахаб лаҳзаҳои муҳими зиндагӣ ва ҳаводиси хотирмони рӯзгори миллиро фаро гирифта, аз ҷониби донишҷӯён дар сатҳи баланди эҷодӣ иҷро гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрел ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ 143 сол пур мешавад. Агар дар адабиёти маорифпарварии нимаи дуюми асри ХIХ Аҳмади Дониш қадамҳои устувор гузошта бошад, дар асри ХХ устод Садриддин Айнӣ ин ҷараёнро идома дода, бо ақидаҳои маорифпарваронаи худ дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи мустаҳкам касб намуд. Афкори маорифпарварии устод Айнӣ дар мероси бою пурарзиши ӯ баръало инъикос ёфтаанд.
Ашъори устод Айнӣ ҷанбаи маърифатию маорифпарварӣ дошта, барои босавод кардани мардум эҷод карда шудааст. Ӯ ба ҳайси муаллими миллати тоҷик ва ба сифати шиносномаи миллати тоҷик дар як давраи тақдирсоз зиндагӣ кардааст. Эҷодиёти устод то имрӯз қадру манзалати худро гум накардааст ва бо мазмуни баланду хусусиятҳои хоси даъватомези худ асрҳои аср зиндаю ҷовид хоҳад монд.
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва сомонаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон








Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад






