ВКД Тоҷикистон гуфт, ки ба номи Руслан Табаров шиноснома надодааст
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарро дар бораи додани шиноснома ба шаҳрванди Россия Руслан Боширов (ДАР АКС) ба номи Руслан Табаров рад кард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорат.
«Хабари дар интернет паҳншуда вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбаршудагон дар ин ҷиноят Табаров Руслан Ҳалимович, соли таваллудаш 23 октябри соли 1975 бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, асос надорад. Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Р. Х. шиноснома дода нашудааст ва аз ҷониби сохторҳои давлатии ҷумҳурии болозикр дар ин хусус дархости расмӣ ворид нагардидааст», — омадааст дар иттилоия.
Тавре қаблан ВАО хабар доданд, Хадамоти махсуси Чехия бар онанд, ки шаҳрвандони Россия Александр Петров ва Руслан Боширов, ки аз ҷониби полиси Чехия дар ҷустуҷӯ қарор доранд, 15 октябри соли 2014 аз ҳудуди анбори лавозимоти ҷангӣ дар деҳаи Врбетитсе дар наздикии шаҳри Злин дар шарқи Чехия дидан кардаанд, ки дар он ҷо рӯзи дигар таркиш рух дода, дар натиҷаи он ду нафар ҳалок шудаанд.
Тибқи иттилои полиси Чехия, шахсоне, ки соҳиби шиносномаҳо ба номи Петров ва Боширов буданд ва аз 11 то 16 октябри соли 2014 дар Ҷумҳурии Чехия қарор доштаанд, инчунин шиносномаи шаҳрванди Молдавияро ба номи Николай Попа, соли таваллудаш 18 июли соли 1979 ва шаҳрванди Тоҷикистонро ба номи Руслан Табаров, соли таваллудаш 23 октябри соли 1975, истифода кардаанд.
Қаблан Агентии хадамоти давлатии Молдова низ хабар дод, ки ба Петров ба номи шаҳрванди ҷумҳурӣ Николай Попа шиноснома надодааст.
АКС аз манбаъҳои боз








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






