Жириновский гуфт, ки интиқоди ӯ аз композитсияи «Зани рус» ба матни суруд дахл дорад, на ба миллати овозхон Манижа

Апрель 6, 2021 11:42

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари фраксияи  ҲЛДР (ЛДПР) Владимир Жириновский шарҳ дод, ки интиқоди ӯ аз композитсияи «Зани рус», ки бо он сароянда Манижа, зодаи Душанбе дар озмуни сурудҳои “Евровидение” аз Россия намояндагӣ хоҳад кард, ба миллати сароянда иртибот надорад. Дар ин бора «РИА Новости» хабар додааст.

«Аз арзёбиҳои баъзе шореҳон, аз ҷумла сиёсатшинос Георгий Бовт, ки танқиди моро ба миллати сароянда рабт медиҳанд, ҳайронем. Сухан дар бораи ин намеравад. Шахсан ман вақте ки дар бораи суруд суҳбат мекардам, танҳо матни онро дар назар доштам», — навиштааст Жириновский дар Телеграм — канали шахсиаш.

Жириновский зикр кард, ки арзёбии зани рус дар суруди Манижа барои муаррифии кишвари мо дар озмуни байналмилалии суруд мувофиқ нест. Раиси ҲЛДР исрор меварзад, ки дар суруд набояд калимаҳое вуҷуд дошта бошанд, ки шаъну эътибори зани русро паст бизананд.

Ёдовар мешавем, ки 1 апрел сиёсатшинос ва рӯзноманигори рус, собиқ муовини сармуҳаррир ва сардабири рӯзномаи «Известия» Георгий Бовт дар мавҷи радиои Business FM чунин гуфт: «Нармии  сиёсӣ — ин ҳоло барои мо нест. Аз «пирӯзии зани тоҷик» барои иштирок дар озмуни сурудҳо огоҳӣ ёфта,  «фатводиҳандагон» ва «ифшогарон» аз ҳама тарқишҳо сар берун бароварданд. Шарм надошта, дар бораи миллаташ ҳам гуфтанд. Масалан, Владимир Жириновский гуфт: “Ман мутмаин нестам, ки ин барои баланд бардоштани эътибори зани рус ва дар маҷмӯъ Россия хуб аст. Кӣ ӯро интихоб кардааст? .. Чунин суруд ба кӣ лозим аст?». Мусиқинавоз Юрий Лоза изҳори андеша кардааст, ки суруди Russian Woman ба фарҳанги русӣ робита  надорад. Публитсистҳои православӣ ба хашм омаданд ва суханони онҳоро беҳтараш иқтибос наоварем… ».

Георгий Бовт ин суханонро аз суруди Манижа иқтибос овардааст: «Ҳар як зани рус бояд бидонад: ту ба андозаи кофӣ қавӣ ҳастӣ, ки ҳар гуна деворро бишикофӣ!» ва мегӯяд: “Дар суруд инчунин афкори қолабӣ дар бораи оила ва қолабҳои зебоӣ, ки ҷамъият онҳоро таҳмил мекунад, хандахариш мешаванд. Дар даврони cancel culture мулоимии сиёсии ҷанговар ва тантанаи идеяҳои Black Lives Matter -и Шабакаи аввал таҳти роҳбарии Константин Эрнст бори дигар,  тавре ки дар Олимпиадаи Сочи, «шакли содиротӣ» -и «неруи нарм» -и Россияро фикр карда баровард”, ки бо он ҳатто дар Роттердам баромад кардан шармовар нест”.

АКСИ u-f.ru

Апрель 6, 2021 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд