Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Ориё-Медикал»-ро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё-Медикал»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе бо саҳми соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев дар асоси дастуру ҳидоятҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,7 гектар замин ба истифода дода шудааст.
Самти фаъолияти корхонаи «Ориё — Медикал» ба истеҳсоли маводи тиббӣ, аз ҷумла системаи яккарата барои гузаронидани маҳлулҳо, ниқоби муҳофизатии яккарата, оинаи гинекологӣ, сӯзани дохиливаридӣ (бабочка), сӯзандору (шпритс) бо андозаҳои гуногун ва маҳлули антисептикӣ равона гардида, дар миқёси мамлакат ягона дониста мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизот ва хатҳои истеҳсолии корхонаи “Ориё — Медикал” аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Полша ва дигар давлатҳо ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардидаанд.
Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади роҳандозии тавлиди маҳсулот дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ кормандони корхона нозукиҳои кор бо хатҳои истеҳсолиро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин азхуд кардаанд.
Истеҳсолоти корхонаи муосири саноатӣ дар пойтахти мамлакат ивазкунандаи воридот ва содиротӣ мебошанд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 138 ҳазор дона системаи якбористифодашаванда, 273 ҳазор дона ниқоби муҳофизатии яккарата, 11 ҳазор дона оинаи гинекологӣ, 13 ҳазор дона маҳлулҳои антисептикӣ, 400 ҳазор адад сӯзандору бо андозаҳои гуногун ва 41 ҳазор дона сӯзани дохиливаридӣ (бабочка) мебошад.
Ба иттилои масъулон дар як сол имкон аст, ки дар корхона 50 миллион адад системаи якбористифодашаванда барои гузаронидани маҳлулҳо, 100 миллион адад ниқоби муҳофизатии яккарата, 15 миллион адад сӯзани дохиливаридӣ (бабочка), 3,5 миллион адад оинаи гинекологӣ, 150 миллион адад сӯзандору бо андозаҳои гуногун ва 5 миллион адад маҳлулҳои антисептикӣ истеҳсол карда шаванд.
Корхона имкон дорад, ки дар оянда истеҳсоли сӯзандору бо андозаҳои гунонунро ба 300 миллион адад расонад.
Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи “Ориё-Медикал” имкон медиҳад, ки воридоти ин навъи маводи тиббӣ аз хориҷ ба мамлакат коҳиш ва талаботи аҳолӣ бо чунин маҳсулот аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ пурра таъмин карда шавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё-Медикал» 200 нафар шаҳрванди мамлакат, ки аксарашон занону бонувон мебошанд, дар ду баст бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Корхонаи “Ориё — Медикал” дорои 4 майдончаи истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон, як майдони васлкунӣ, инчунин анборҳои маҳсулоти хом ва тайёр мебошад.
Коргоҳи васлкунии корхона аз 6 қисмат иборат буда, таҷҳизоти он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва электроникаю компютерҳо аз Япония дастрас гардидаанд.
Дар майдончаи сехи қолибии (фармовочный) “Ориё — Медикал” 4 таҷҳизот, аз ҷумла найчасоз ва чашмакбарор васлу насб гардида, имкон аст, ки дар як рӯз 400 ҳазор дона қисматҳои алоҳидаи системаи яккарата истеҳсол карда шаванд.
Маводи тиббии истеҳсолии корхона пас аз пурра васлу насб гардидан мавриди озмоиш қарор гирифта, баъдан банду баст мегарданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити хуби корӣ барои занону бонувони мамлакат дар корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд доданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи муосири истеҳсоли маводи тиббӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ дар заминаи ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити феълии ҷаҳон, ки норасоии ин гуна маҳсулот дар бархе аз давлатҳо аллакай ба мушоҳида мерасад, хеле бамаврид мебошад.
Маҳсулоти тайёри корхона баъди пурра банду баст шудан ба ҳуҷраи безараргардонӣ дохил ва дар мудати 8 соат бо оксиди этилен безарар гардонида мешавад.
Майдончаи безараргардонии корхона аз 2 таҷҳизот, аз ҷумла камераи махсуси безараргардонии дорои иқтидори 18 метри мукааб, компютерҳои назоратӣ ва технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ иборат мебошад.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни фаъолияти майдончаи безараргардонии корхона иттилоъ дода шуд, ки пас аз ин марҳила маҳсулот ба муддати 5 — 10 рӯз дар анборҳо нигоҳдорӣ ва бо дастрас кардани хулосаи мақомоти дахлдори давлатӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Корхона дар маҷмӯъ дорои 3 анбор, аз ҷумла анбори ашёи хом ва анбори маҳсулоти тайёр мебошад.
Анборҳои нигоҳдории маҳсулоти корхона дар асоси талаботи мавҷудаи ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шуда, бо гигрометр ва психфометр муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё — Медикал» дорои якчанд иншооти дигари ёрирасон буда, ҳамаи онҳо бо системаи ягонаи ҳавотозакунӣ пайваст ва таъминоти микроиқлими майдончаҳои истеҳсолӣ назорат карда мешавад.
Ба иттилои мутахассисон ин раванд ба истеҳсоли маҳсулоти босифат дар асоси талаботи ҷаҳонӣ дар самти беҳдошту бехатарӣ мусоидати ҷиддӣ мекунад.
Таҷҳизоти тамғаи “Кингсан Эйч 13 Ҳепа Филтер” (Kingsun H 13 HEPA Filter), ки дар системаи ҳавотозакунии корхона насб шудааст, истеҳсоли Ҷумҳурии Полша буда, аз тарафи ниҳодҳои экспертии Аврупо ва маркази гигиенӣ ва эпидемиологии Федератсияи Россия эътироф гардидааст.
Тавассути таҷҳизоти мазкур таъминоти ҳаво ба синфи “А”-и системаи стандарти амалиёти хуби истеҳсолӣ — “GMP” мутобиқат карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати тиббию доруворӣ афзалияти хоса дода, дар ин самт барои соҳибкорони ватанӣ шароиту имконот ва имтиёзҳо фароҳам овардааст.
Корхонаи «Ориё-Медикал» сеюмин корхонаи истеҳсолӣ дар миқёси мамлакат мебошад, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев давоми чанд соли охир ба истифода дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот ва шароити муҳайёгардида барои кормандон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё — Медикал» иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти роҳандозии маҳсулоти ивазкунандаи воридот шоёни таҳсин хонда, ба масъулон барои дастгирии ин гуна ташаббусҳои созандаю бунёдкорона дар вазъияти кунунии ҷаҳони муосир дастуру супоришҳои мушаххас доданд.