ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Фархор 90 фоизи иншооти ҷашнӣ бунёд шудааст
ФАРХОР, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 дар ноҳия дар маҷмӯъ сохтмону навсозии 470 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 421 адади он ба истифода супорида шудааст, ки 90 фоизро ташкил медиҳад. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона ҷараён доранд.
Бино ба иттилои шуъбаи меъморию шаҳрсозии ноҳияи Фархор, аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону навсозии якчанд иншооти таъйиноти гуногун дар назар дошта шудааст.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳоло дар маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохтмони марказҳои савдою хизматрасонӣ ва нуқтаҳои хӯрокӣ умумӣ идома дорад. Бинои ошхонаи «Рисолат» аз 3 ошёна иборат буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.
Корҳои таъмиру навсозии терминали мусофиркашонӣ аз ҷониби сохтмончиён ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза вусъат меёбанд. Масъули сохтмони терминали мусофиркашонӣ Умаралӣ Сайдалиев мегӯяд, ки «дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ бунёду навсозии иншоот бомаром идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти қасри фарҳанг бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҷониби ҶДММ «Консол» бо ҷалби беш аз 50 нафар сохтмончиён ба роҳ монда шудаанд. Бинои маркази хизматрасонӣ аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дар таҳхона ҷойгиркунонии яхдон барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, дар ошёнаи якум бунёди мағозаҳо ва дар ошёнаи дуюм сехи дӯзандагӣ ба нақша гирифта шудааст».
Акс аз манбаҳои боз








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад






