Аз 21 май то 30 июн Бозиҳои варзишии Тоҷикистон гузаронида мешавад

Май 16, 2021 08:39

ДУШАНБЕ, 16.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз 21 май то 30 июн Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон баскетбол, бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гӯштингирӣ, гӯштини варзишӣ (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ), камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, самбо, таэквондо, ҳандбол, ҷудо ва шиноварӣ ворид карда шудаанд.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 22 май бо мусобиқаи варзиши сабук оғоз шуда, ду рӯз идома меёбанд. Сипас, 1-2 июн баргузории мусобиқаи гӯштингирӣ, 3-4 июн мусобиқаҳои гӯштини юнонӣ-римӣ ва каратэ, 5-6 июн мусобиқаи шиноварӣ, 7-8 июн мусобиқаи гӯштини тарзи озод, 9-10 июн мусобиқаҳои ҷудо ва таэквондо, 10-14 июн сабқати волейбол миёни бонувон, 11-12 июн мусобиқаи самбо, 12-13 июн мусобиқаи вазнбардорӣ, 13-17 июн мусобиқаи ҳандбол, 18-22 июн мусобиқаи баскетбол миёни мардон, 23-27 июн мусобиқаи волейбол миёни мардон, 24-25 июн мусобиқаи қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 25-29 июн мусобиқаи бокс ва 28-29 июн мусобиқаи камонварӣ дар назар дошта шудааст.

Ба ғайр аз мусобиқаи вазнбардорӣ, камонварӣ ва волейбол миёни бонувон боқимондаи мусобиқаҳо дар пойтахт – шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Баргузории мусобиқаи вазнбардорӣ дар шаҳри Кӯлоб, волейболи бонувон дар шаҳри Хоруғ ва мусобиқаи камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

АКС аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Май 16, 2021 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид