Ба сокинони зарардидаи деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён сару либос ва дигар лавозимоти сохтимонӣ дастрас карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо ҷараёни корҳои бунёду барқароркунии хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён шинос гардида, ба сокинон маҷмӯи сару либос ва пойафзолу дигар лавозимоти заруриро супорида, барои дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани сохтимони биноҳои истиқоматӣ супоришҳо дод. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тавре маълум аст, бар асари даргириҳои охири моҳи апрел чанде аз хонаҳои сокинон хароб гардида, як қисми дигар осеб дида буд. Бо дастуру Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои харобшудаву осебдида давоми як моҳ пурра бунёду барқарор карда мешавад.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст.Мардуми шаҳру деҳоти Исфара якдилона ба ҳашар баромада, маҳалли бунёди хонаҳоро тоза намуда истодаанд.
Илова бар ин аз тарафи соҳибкорони шаҳри Исфара ба оилаҳои зарардида мунтазам ёриҳои моддӣ дастрас гардида истодааст.
Соҳибкорони дигар минтақаҳо низ дасти ёрии худро дароз карда, ба сокинон кӯмак мерасонанд, ки ин амали онҳо гувоҳи ҳамдиливу ҳамбастагӣ мебошад. Аз ҷумла, то ин лаҳзаҳо аз номи соҳибкорони шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодом кӯмакҳои моддӣ дастраси сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён гардонида шуданд.
АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд











Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳқими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад






