«Чунки дорад ҳар нигоҳи дӯст як маънои панд…». Ба шарафи 110-солагии Мирзо Турсунзода маҳфили адабиву ҳунарӣ доир шуд

Май 6, 2021 14:23

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Мирзо Турсунзода ахтарест, ки бо мурури замон дар дилу дидаи  наслҳои нав торафт тобонтар мешавад ва ба дилҳо нуру гармӣ мебахшад, аз нигоҳи соҳибназарон беш аз пеш босафотару раҳнамотар мегардад. Зеро аз оғози фаъолияти эҷодиаш ба мавзӯъҳои муҳими замонаш даст зада, дар шеъру достон, намоишу филмнома, очерку мақолаҳои дорои мазмуни адабиётшиносиву иҷтимоишиносиаш қаҳрамонҳои фаромӯшнопазире офарида, симои барҷастаи инсони эҷодкори хешро басо равшан баён намудааст.

Ин нуктаро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим 5 май зимни ифтитоҳи ҳамоиши адабиву ҳунарӣ  ба муносибати 110-солагии Мирзо Турсунзода дар  толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баён дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки «вақте Устод Мирзо Турзунзода аз сафари кишвари Ҳиндустон бо кӯлвори пур аз ашъори пурғановати худ баргашт, яке аз адибони онвақтаи ҳиндӣ гуфта буд, ки «ӯ то ҳол ҳамсолу ҳамқадами мо буд. Вале бо ин асарҳо аз адибони ҳамнасл даҳҳо қадам пештар рафт ва яке аз қофиласолорони адабиёти халқи хеш гардид».  Воқеан, Мирзо Турсунзода қаблан ҳам пешсафи насли хеш буд ва бо сабки равону паёми ноб, ки сарчашмааш осори гаронмояи Абуабдуллои Рӯдакӣ, ватанхоҳиву ватансароии Ҳаким Фирдавсӣ, сужасозиву воқеаофарии Низомии Ганҷавӣ, лутфу марҳамати Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ширинбаёнии Камоли Хуҷандӣ ва мавқеи устувори  инсониву ватандорӣ, ки аз сиришти саршори самимияту садоқаташ бармеомад, миёни дигар шоирон имтиёзи баланд дошт».

Сипас гардонандаи маҳфил — Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким иброз намуд, ки бо баргузории  чунин маҳфилҳои адабӣ бори дигар дилҳо аз ашъори пурғановати Устод фараҳ мегиранд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Устод Мирзо Турсунзода дар солҳои душвори 30-юм ва замони тақдирсози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ашъорашро ончунон офарид, ки он чун зинаи мутмаин ва устуворе дониста мешавад. Дар шеъраш на танҳо аз ватани хеш мегуфт, балки ба он парокандагии халқу миллатҳои дигарро низ ҷой мекард.

Низом Қосим аз хотираҳо ёдовар шуда, гуфт, ки Устод Садриддин Айнӣ ҳангоми ба раисии Иттифоқи нависандагон пешбарӣ кардани Мирзо Турсунзода чунин иброз дошта буд: «Аз ҳама сазовортар Мирзо Турсунзода аст. Зеро на танҳо шоири хуб ва нисбат ба худ серталаб аст, балки меъёри адабиётро дуруст нигоҳ доштаву аз дигарон ҳам талаб карда метавонад».

Мавсуф ин пора шеърро барои иштирокдорон қироат намуд:

Дар ҷаҳон роҳе агар манзилбарасту сода аст,
Сабки шеъри содаи Устод Турсунзода аст.
Хешро дар роҳи он аз ганҷи роҳ огоҳ кард,
Роҳҳоро шеър карду шеърҳоро роҳ кард.
Роҳҳо бурданд ӯро то ба дурии ҷаҳон,
Шеърҳо бурданд ӯро дуртар то ҷовидон.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиши адабию ҳунарӣ тавассути хотираҳо ва қироати шеъру замзамаҳо паҳлуҳои ҳаёти ибратбахши Мирзо Турсунзода равшантар гардиданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева суханронии худро бо шеъри Мирзо Турсунзода оғоз намуд:

Обрӯи ишқро чашми ту бардорад баланд,
Фитнаи ағёрро мардона нанмояд писанд.
Чашмро, эй ҷони ман, аз сӯи ман ҳаргиз макан,
Чунки дорад ҳар нигоҳи дӯст як маънои панд.

Хешро месанҷам аз сар то ба по бо чашми ту,
То намоям сафҳаи дил пурсафо бо чашми ту.
Ноаён мемонд дар чашмони ман нуқсони ман,
Кардам онро ошкоро, дилбаро, бо чашми ту.

Мавсуф зикр намуд, ки дар шеъри лирикӣ шоир Мирзо Трусунзода аз дӯстӣ суҳбат мекунад, чунки медонад, ки ишқ чизи ояндаву раванда аст, аммо дӯстӣ намегузарад.

Гулрухсор иброз намуд, ки «ин тақдири мардуми тоҷик аст, ки чунин фарзандони фарзонаи миллат дорад. Зеро Мирзо Турсунзода инсоне буд, ки аввал дигарон ва  баъдан худро дӯст медошт».

Дар маҳфил фарзанди Мирзо Турсунзода- Фирӯза Турсунзода аз ҳаёти пурғановати падари хеш ёдовар гардида, хотироташро манзури ҳозирин гардонид.

Инчунин аз ҷониби шоирону нависандагон доир ба паҳлуҳои ашъори Устод фикру андешаҳо иброз гардиданд.

Қироати хуби шеърҳои Мирзо Турсунзода аз ҷониби донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва замзамаи сурудҳои ҳунармандони тоҷик бар ашъори ин шоири зиндаёд ба ҳусни маҳфил таровати дигар зам намуд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Май 6, 2021 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад