Дар «Амонатбонк» 110-солагии вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода таҷлил гардид

Май 8, 2021 10:41

ДУШАНБЕ, 08.05.2021/АМИТ «Ховар»/. «Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки вассофи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъии мардумони озодихоҳи қораи Осиё ва Африқо буд, бо ашъори баландмазмунаш дар ташаккули адабиёти муосири  тоҷик саҳми бориз гузоштааст».

Чунин зикр гардид дар ҳамоише, ки дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» доир гардид. Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамоиш  ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 110-солагии шоири зиндаёд, қосиди сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода гузаронида шуд.

Раиси Бонки давлатии амонтагузории «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим роҷеъ ба қадру манзалат ва ҷойгоҳи хоси вассофи сулҳ,  устод Мирзо Турсунзода  сухан карда, зикр намуданд, ки шоири тавонои тоҷик тӯли фаъолияташ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон сафар карда, баҳри дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде намудааст. Ашъори пурмазмун ва сулҳҷӯёнаи устод Мирзо Турсунзода ӯро ҳамчун шахсияти тарғиб ва паҳнкунандаи ғояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намуд ва ашъори ӯ ба авҷи аъло расид. Зикр шуд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фаъолияти меҳнатии худро аз матбуот, аниқтараш аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» оғоз намуда, баъдан дар театр, Иттифоқи нависандагон ва дигар сохторҳои давлатӣ кору фаъолияти созанда намудааст. Шоир  Мирзо Турсунзода аз соли 1946 ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намуда, дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик  нақши назаррас гузоштааст.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар бораи зиндагинома ва ашъори ноби устод Мирзо Турсунзода сухан намуда, гуфт, ки тараннуми сулҳу дӯстӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи муҳим дорад. Достонҳои «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Ман аз Шарқи озод» ба мавзуи сулҳу ва дӯстӣ ва ҳамраъӣ бахшида шудааст. Дарки амиқи мафҳуми сулҳ Мирзо Турсунзодаро то ба мартабаи Раиси кумитаи сулҳи кишварҳои Осиё ва Африқо расонид ва ӯ мунодии сулҳи минтақаҳо ва рамзи амнияту субот дар сайёра гардид. Ҳар мисрае, ки шоир дар он сулҳро васф намудааст, имрӯз аз ҷониби мардумони сулҳдӯст чун шиори зиддиҷангӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ин ҳама корнамоиҳо ва заҳматҳои шоистаи устод Мирзо Трусунзода буд, ки вай ба унвонии фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ва унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб гардид.

 Акс аз БДА «Амонатбонк»

Май 8, 2021 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид