Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Рӯзи байналмилалии оила хотирмон таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбонови ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Дар ҳамоиш муовини раиси ноҳия Муҳаммадшарифи Бобошоҳзода, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Зебуннисо Расулова ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.
Мудири бахши САҲШ-и ноҳия Зебуннисо Расулова гуфт, ки «нақши оила дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим медиҳад. Зеро то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кӯдакӣ худшинос будану меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан ва фарҳангу суннати ниёгонро ҷо накунанд, фарзанд аз ҳувияти миллӣ бехабар мемонад».
Дар доираи ҳамоиш мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Зебуннисо Расулова ба оилаҳои ҷавон, ки нав соҳиби фарзанд шудаанд, шаҳодатномаҳои таваллуд такдим карда, ба онҳо дар оянда бахти сафед ва зиндагии пур аз умеду шодмонӣ таманно намуд.
Ҳамзамон се оилаи беҳтарин ва намунавии ноҳия, ки то имрӯз хонаводаҳои хуб ташкил намудаанд, муаррифӣ гардида, бо туҳфахо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






