Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бар асари боронҳои сел қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зарар дидаанд

Май 6, 2021 10:08

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби бориши шадиди 5 май дар баъзе минтақаҳои кишвар сатҳи оби дарёҳо баланд шуда, боиси зери об мондани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ гардид. Инчунин ҳамон рӯз ҳолатҳои фурӯрезии кӯҳпораҳо сабт шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар натиҷаи боронҳои сел болоравии сатҳи об дар дарёи Оби Мазор ба қайд гирифта шуда, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ зери об монданд, ба 2 хонаи шахсӣ зарар расидааст, пул ва сарбанд дар ҷамоатҳои деҳоти Лоҳутӣ, Ҷонбахт, Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг қисман вайрон шудаанд.

Инчунин бориши шадид боиси пайдо шудани лойоба гардид, ки он ба 15 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, заминҳои корам ва боғҳои сокинони деҳаи Чилдухтарони Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назарови ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон зарар расонид. Илова бар ин, селоб 20 км роҳи маҳаллии мошингард ва пули байни деҳаҳои Кӯлчашма, Ғеш ва Лиҷакро баст.

Барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ таҷҳизоти махсуси муҳандисӣ истифода шуда, корҳо идома доранд.

5 май дар ҳудуди деҳаи Гезани поёни Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд резиши кӯҳпораҳо ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои нохуш 29 хонавода бо теъдоди умумии 112 нафар ба ҷойҳои бехатар интиқол дода шуданд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент дар маҳали ҳодиса кор мекунад.

Худи ҳамон рӯз дар километри 438, 443 ва 447-и шоҳроҳи «Душанбе — Ванҷ — Хоруғ», дар наздикии мавзеи Хехики ноҳияи Ванҷи ВМКБ резиши кӯҳпораҳо сурат гирифта, сабаби муваққатан баста шудани шоҳроҳ гардид.

Дар айни замон роҳ аз кӯҳпораҳо тоза карда шуда, дар ҳолати мӯътадил қарор дорад.

Офатҳои табии мазкур талафоти ҷонӣ ба бор наовардаанд.

АКС аз КҲФ ва МГ

Май 6, 2021 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд