Дар Беларус баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар назар аст

Май 3, 2021 10:46

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи августи соли равон дар Беларус ба муносибати 25-умин солгарди барқарор шудани муносиботи дипломатӣ байни Беларус ва Тоҷикистон баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод 28 апрел зимни суханронӣ дар «Хонаи Дӯстӣ» зимни вохӯрии «Муколама бо сафир»  иброз  доштааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дипломат иброз кард, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад санъати кишвари худро ба таври васеъ муаррифӣ кунад ва ба муносибати санаи ҷашнӣ якчанд чорабиниҳо доир намояд. «5 сентябр ба барқарор шудани муносиботи дипломатӣ байни Беларус ва Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Мо тасмим гирифтаем, ки конфронси байналмилалии илмӣ ташкил ва дар он натиҷаҳои муносиботи дуҷонибаро дар ин давра ҷамъбаст кунем», — гуфт сафир.

Дар айни ҳол, ӯ  таваҷҷуҳро ба он равона кард, ки дӯстии ду халқ аз замони Шӯравӣ таърихи тӯлонӣ дорад. «Давраи муборизаи муштарак барои истиқлол дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонона буд, вақте ки бисёр тоҷикон дар сарзамини Беларус ҷон бохтанд. Дӯстии таърихии ду халқро дӯстии роҳбарони ду кишвар низ тақвият медиҳад», — гуфт Маҳмадшариф Ҳақдод.

Вай инчунин таъкид кард: «Дар Тоҷикистон истиқлолро ба осонӣ ба даст оварданд, аммо муддати тӯлонӣ онро муҳофизат карданд, ҷанги шаҳрвандӣ чанд сол идома ёфт ва ба кишвар зарари азим ворид намуд. Дар айни замон кишвар ба туфайли заҳматҳои азими мардум ва роҳбарии оқилонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати баланд рушд мекунад. Давраи кунунӣ бо таъсири сирояти коронавирус ба ҳама равандҳо мушаххас мешавад, аммо мо, ба мисли Беларус, маҳдудияти бузург ҷорӣ накардем, марзҳо ва корхонаҳоро набастем. Дарвоқеъ, Беларус ягона кишварест, ки донишҷӯёни мо тавонистанд ба таҳсил бираванд. Маориф барои мо самти афзалиятноки рушди Тоҷикистон мебошад. Мо ният дорем, ки шумораи донишҷӯёнро ҳамаҷониба зиёд кунем. Афзоиши солонаи аҳолӣ дар мамлакати мо ба 2% расидааст ва аз ин рӯ ниёз ба хидматрасонии маълумотӣ афзоиш меёбад».

Роҳбари намояндагии дипломатӣ зикр кард, ки гардиши мол миёни Беларус ва Тоҷикистон соли 2020 афзоиш ёфт. «Тиҷорат — чизи асосӣ аст. Соли 2018 мо КМ «Агротехсервис» -ро барои бастубанди техникаи кишоварзии Беларус ифтитоҳ кардем, ки он мустақиман маҳсулоти худро ба кишварҳое, чун Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон содир мекунад», — иброз дошт сафир. Номбурда чунин ҳамкориро байни ду давлат муҳим шумурд.

Ҳарду кишвар ҳамкории зич доранд ва дар масоили самаранокии созмонҳо, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз мавқеъҳои мушобеҳ амал мекунанд.

Дар мулоқот донишҷӯён ва устодони мактабҳои олии пойтахт ширкат варзида, дар мавриди рушди ҳамкории Беларус ва Тоҷикистон саволҳои зиёд доданд.

                            АКС: ctv.by

Май 3, 2021 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд