Дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиши дастовардҳои зеҳнӣ, эҷодӣ ва инноватсионии донишҷӯён доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 17 май дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 ва эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», инчунин ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бахусус дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт намоиши дастовардҳои зеҳнӣ, эҷодӣ ва инноватсионӣ баргузор гардид.
Дар ин бора ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар намоиш намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикситон ширкат варзида, бо дастовардҳои зеҳнӣ, эҷодӣ ва инноватсионии донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳи мазкур аз наздик шинос гардиданд. Ба донишҷӯëне, ки дар намоишгоҳ иштироки фаъол доштанд, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ноутбук, сертификат ва уновонҳои фахрӣ оид ба пазируфтани истеъдодҳо супорида шуданд. Сертификати мазкур метавонад ба гирифтани баҳоҳои мусбат мусоидат намояд.
Ҳадафи асосии намоишгоҳи мазкур ба таври бошукӯҳ муаррифӣ намудани дастовардҳои зеҳнии факулететҳо дар шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 мебошад.
Донишгоҳи давлатии Данғара дар фазои илмиву таълимии инноватсионии мамлакат мақоми хос дошта, олимону муҳақиқон ва хатмкунандагони ин даргоҳ садҳо ихтироот, усулҳои нави ташхису муаррифии технологияҳои мултимедиро бомуваффақият ҷорӣ намудаанд. Дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат доимо дар равандҳои гуногун кашф ва мукаммал гардида, ба болоравии иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамоянд. Аҳамияти соҳаҳои мазкур ва ҳамчунин мақоми фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тамоми давру замон бузург буд.
Баргузории чунин барномаҳои илмӣ-амалӣ барои расидан ба муваффақияти умумии фанҳои табиатшиносӣ бештар мусоидат хоҳад кард. Дар ин баробар ба хотири он ки донишҷӯён дар раванди таълим бештар ба ихтироъкорию навоварӣ дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, махсусан, биология, химия, физика, математикаи олӣ ва технологияи информатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои устодону донишҷӯён ҷоиза ва идрорпулӣ таъсис додааст. Аз ҷумла, 14 идрорпулӣ бо маблағи 300 сомонӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар озмунҳои дохили факултет аз фанҳои математика, физика, химия, биология, информатика ғолиб мегарданд. Барои ҳар факултет 2 ҷоиза пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин барои 7 факултети донишгоҳ 7 ҷоиза таъсис дода шудааст, ки ҳар кадом 5000 сомониро фаро гирифта, омӯзгороне, ки дар татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муваффақият ба даст меоранд, бо он мукофотонида мешаванд.













Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид






