Дар Донишкадаи давлатии забонҳо ду Маркази замонавӣ кушода шуданд

Май 3, 2021 12:55

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 май дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маркази нави замонавӣ: Маркази тарҷумонию  тарҷумаи ҳамзамон ва  Маркази рушди маҳорати методӣ кушода шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи марказҳо ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  Ҷило Гулназарзода ва устодони донишкадаи мазкур иштирок намуданд. Марказҳои мазкур бо таҷҳизоти муосир ва техникаву технолияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки Маркази рушди маҳорати методӣ аз қисматҳои эҷодкорӣ, инноватсия ва худтакмилдиҳӣ иборат мебошад ва дар ин марказ чорабиниҳои илмӣ-методӣ, дарсҳои кушод, семинару вебинарҳо гузаронида мешаванд. Илова бар ин,  маводи таълимӣ–методӣ дар шакли  чопиву электронӣ ва пояи моддӣ-техникии марказ имконият медиҳад, ки  дар оянда  курси такмили ихтисоси муаллимони  забонҳои тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо иҷозат ва мувофиқаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар асоси шартнома  ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шаванд. Дар самти методикаи таълими  забони тоҷикӣ  муаллифи китоби ягона дар кафедраи методикаи таълим фаъолият мекунад. Дар самти таълими методикаи забони тоҷикӣ ҳам китоб таҳия шуда, ба донишҷӯён пешниҳод гардидааст. Дар нақша аст, ки то моҳи август методикаи таълими забони англисӣ ҳам  рӯи чоп оварда шавад. Ин имконият медиҳад, ки дар донишкада заминаи мустаҳками  самти методика нигоҳ  дошта шавад.

Доир ба Маркази тарҷума ва тарҷумаи ҳамзамон иброз карда шуд, ки ҷомеаи имӯзаро бе фаъолияти тарҷума ва тарҷумонӣ тасаввур кардан  ғайриимкон аст. Тарҷумашиносии тоҷик яке аз илмҳоест, ки пас аз соҳибистиқлолии мамлакат аҳамияти хосса пайдо карда, имрӯзҳо рушд менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сухарониҳояшон иброз доштанд, ки «яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани забони илм, иттилооти  илмӣ ва забони  тоҷикӣ тарҷумаи осори илмӣ аз забонҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад. Дар  асоси таҷрибаи  кишварҳои дигар чунин  тарҷума бояд  бо ҷалби мутахассисон ва  донишмандони забондон сурат гирад».

Вобаста ба самтҳои фаъолияти марказ: таъмини донишҷӯён бо адабиёт ва китобҳои фаъолияти тарҷумонӣ дар шакли электронӣ ва ғайриэлектронӣ, таъмини донишҷӯён бо маводи назариявӣ ва амалии анҷом додани тарҷумаи ҳамзамон,  омӯзиши забони хориҷӣ (англисӣ) аз нигоҳи хусусияти тарҷума аз забони  англисӣ ба забони тоҷикӣ ва баръакс, иҷрои тарҷумаи пайиҳам ва ҳамзамон бо истифода аз технологияи муосири информатсионӣ ва коммуникатсионӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки чунин марказҳо нисбат ба дигар макотиби олии касбӣ аввалин бор дар Донишкадаи давлатии забонҳо таъсис ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар баробари ин, дар донишкадаи мазкур Ҳафтаи забони англисӣ ҷамъбаст гардида, бахшида ба он барномаи фарҳангӣ доир карда шуд.

Дар ин маҳфили хотирмон донишҷӯёни факултети забони англисӣ бо пешниҳоди Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони англисӣ, рақсҳои тоҷикӣ ва шотландӣ, сурудҳои дилошӯби милливу англисӣ, рӯнамо дар мавзӯи «Ҳунарҳои мардумӣ» хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Ректори донишкада Ҷило Гулназарзода ба раванди баргузории ин барномаи бошукӯҳ баҳои баланд дода, дар охир ба ғолибони озмунҳо аз номинаҳои «Беҳтарин газетаи деворӣ», «Суруди беҳтарин», «Тарҷумаи беҳтарин», «Беҳтарин донандаи имлои забони англисӣ» ва донишҷӯёни фаъоли факултет ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

Май 3, 2021 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад