Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2021 ба имзо расид

Май 19, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, музокирот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирони корҳои хориҷӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Россияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра, инчунин ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба баррасӣ карданд.

Гузашта аз ин, табодули фарогири афкор перомуни масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ бо тамаркуз ба масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт.

Зимни музокирот вазирон ба масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Россия ба Тоҷикистон, ки даҳаи дуюми моҳи сентябри 2021 дар назар аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии  Тоҷикистон ва Россия барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар мавриди масъалаҳои муҳтавоии сафари дарпешистода алоқаи фаврӣ барқарор гардад.

Гуфтушунидҳо дар рӯҳияи созанда, ки хоси муносибатҳои шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия мебошанд, баргузор шуданд.

Дар фарҷоми музокирот Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2021 ба имзо расид.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва ВКХ ҶТ

Май 19, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд