Дар Душанбе рушди бозори суғурта ва дурнамои он баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Суғурта яке аз унсурҳои таркибии иқтисодиёт маҳсуб ёфта, дар шароити муносибатҳои бозорӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат менамояд. Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки дар мавзӯи «Мушкилоти суғурта дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) бо иштироки роҳбарият, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ҳайати олимону устодон ва донишҷӯён доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муовини якуми ректори ДДТТ Саймаҳмуд Саидов гуфт, ки ҳамоиш бо мақсади иҷрои протоколи ҷаласаи 15-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида мешавад.
Зикр гардид, ки ДДТТ дар доираи ҳамкории судманд ва татбиқи нақшаву барномаҳои таълимӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони баландихтисос саъй намуда, минбаъд омодагии худро баҳри тайёр кардани мутахассисони касбии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат иброз медорад.
Сардори Идораи назорати суғуртавии БМТ Дилбар Ҳусейнова ҳамчун намояндаи танзимгари бахши суғуртаи кишвар баргузории ҳамоишро омили муҳими рушд ва таҳкими низоми суғуртаи Тоҷикистон унвон намуд. Мавсуф ҳамзамон дар мавзӯи «Масъалаҳои суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои рушди он» гуфт, ки БМТ ҳамчун мақоми танзимгар фаъолияташро ба таҳкими заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таҳияи шароити мусоид ҷиҳати ҷалби бештари сармоя, аз ҷумла сармояи хориҷӣ, фаъолияти озоди ташкилоти суғуртавӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи суғуртаи кишвар равона намудааст. Минбаъд низ БМТ барои таъмини устувории бозори суғурта, ба даст овардани эътимоди аҳолӣ ва дар маҷмӯъ, рушди низоми суғуртаи кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин аз ҷониби устодони донишгоҳ дар мавзӯъҳои «Рушди бозори суғурта дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамои он», «Мушкилоти мубрами рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ташаккули низоми суғуртаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза ва рӯнамоиҳо манзур гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун муассисаи асосӣ дар сатҳи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар соҳаи суғурта пазируфта шуда, дар самти омода намудани кормандони ояндаи ин самт саҳми арзанда дорад.
Аксҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3086 то 9.3400 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад






