Дар Хоруғ Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми 30- солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни кормандони идораву муассисаҳои шаҳру вилоят ҷамъбаст гардид. Дар бозии финалӣ дастаҳои АКАH -2 ва PAMIRNERGY бо ҳам рақобат намуда, бо ҳисоби 4:2 варзишгарони дастаи PAMIRNERGY ғолибият ба даст оварданд. Варзишгарони дастаи Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ сазовори ҷойи сеюм дар ин мусобиқа гардиданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур бо ибтикори МИҲД ВМКБ, шаҳри Хоруғ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар ҳамкорӣ бо Анҷумани Оғохон оид ба масоили ҷавонон ва варзиш тайи 4 моҳ давом ёфта, дирӯз ҷамъбаст шуд.
Мусобиқа ҳар рӯзи шанбе аз соати 8:00 то 19:00 дар толори калони Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ байни 22 даста аз идораву муассиса ва ширкатҳои мобилии вилоят доир гардид.
Ғолибон бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон ба иштирокчиёни мусобиқа зиёда аз 30 дучарха тақдим карда шуд.
АКС аз МИҲД ВМКБ








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






