Дар Москва ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои ҳориҷии СААД таҳти раёсати Вафо Ниятбекзода баргузор шуд

Май 26, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар Котиботи СААД дар Москва таҳти раёсати Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Афғонистон Вафо Ниятбекзода, бо иштироки муовини дабири кулли СААД Самат Ордабоев ҷаласаи 33-юми Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон (ГКА) дар назди Шӯрои вазирони (ШВКХ) -и СААД баргузор шуд.

Дар ҷаласа инчунин намояндагони Маркази зиддитеррористии (МЗТ) ИДМ ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) СҲШ ширкат варзиданд. Муовини дабири кулли Созмон Самат Ордабоев зикр намуд, ки Афғонистон чун пештара қаламраве боқӣ мемонад, ки аз он таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти кишварҳои узви СААД сар мезананд, алахусус дар партави хуруҷи эҳтимолии қитъаҳои низомии хориҷӣ аз ҶИА.

Бо ҳамин сабаб, талабот нисбат ба фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди ШВКХ -и СААД ва ҳамкории кишварҳои узви СААД дар самти Афғонистон ба таври назаррас афзоиш меёбад. Самат Ордабоев инчунин иттилоъ дод, ки хатарҳои Афғонистон дар ҷаласаҳои ахири Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмон дар Душанбе ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Гурӯҳ дар шашмоҳаи  якуми соли 2021 ҷамъбаст карда шуданд ва Нақшаи кории ГКА барои нимаи дуюми соли 2021 қабул карда шуд.

ДАР АКС: иштирокчиёни ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди ШВКХ СААД дар Душанбе дар соли 2019. Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 26, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд