Дар ноҳияи Кӯшониён ярмаркаи либоси мактабӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 29 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлис дар баробари баррасии дигар масоил, аз ҷумла чунин иброз намуданд: «..раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав то моҳи сентябр тавассути ташкили корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ бо кор таъмин намудани бонувон ва истеҳсоли либосҳои мактабиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, талаботро ба ин намуди маҳсулот аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ қонеъ гардонанд».
Вобаста ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 май дар ноҳияи Кӯшониён ярмаркаи либоси мактабӣ баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, дар ярмаркаи мазкур ширкатҳои «Дарз», «Равзаи Юсуф», «Наҷиба» ва «Кота глобал» маҳсулоти худро ба фурӯш гузоштанд.
Ҳамчунин миёни шуъбаҳои маорифи ноҳия ва ширкатҳо созишнома ба имзо расид, ки то соли таҳсили 2022 ба муассисаҳои таълимӣ 29,325 адад либоси мактабӣ дода мешавад.
Бояд гуфт, ки либосҳо бо сифати баланд ва нархи дастрас пешниҳод гардиданд. Дар назар аст, ки чунин ярмаркаҳо дар ҷамоату деҳаҳои дигари ноҳия низ баргузор гарданд.
Акс аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






