Дар Теҳрон ба бузургдошти 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфил доир гардид

Май 26, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон маҳфили маҷозии бузургдошти 80- солагии Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Лоиқ Шералӣ бо суханронии намояндагони аҳли адабу фарҳанги ду кишвар баргузор гардид.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суханронии Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ доктор Ҳасани Булхорӣ иброз гардид, ки гиромидошти шоири бузурги тоҷик устод Лоиқ Шералӣ идомаи силсилабарномаҳои Анҷуман доир ба гиромидошти бузургони шеъру адаби кишвари ҳамзабони Тоҷикистон буда, дар чанд соли ахир ҳамин гуна маҳфилҳои бошукӯҳ бо ҳадафи бузургдошти ном ва осори бунёнгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, донишманди барҷастаи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров, донишманди забардаст Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ баргузор гардида буданд. Ҳар яке аз ин маҳфилҳо дар муаррифии фарҳангу адаби Тоҷикистон дар Эрон   нақши муҳим бар уҳда доштанд.

Устод Лоиқ Шералӣ низ аз зумраи ҳамин бузургони тоҷик ба шумор меояд, ки дар Эрон ба ашъори ӯ чун таҷаллии рӯҳи назми бузурги гузаштагонамон арҷ мегузоранд. Ҳасани Булхорӣ хидматҳои устод Лоиқро дар идомаи суннатҳо ва муҳтавову ҳикмати адабиёти гузаштаи муштаракамон бо қироати пораҳое аз силсилаашъори “Илҳом аз “Шоҳнома”-и шоири зиндаёд таъкид намуда, маслаку мароми шоирии устод Лоиқро “беҳтар кардани одаму олам ва раҳ сипардан ба сӯи ҳақиқат тавассути шеъри ҳастисоз” номид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ бо ишора ба хидматҳои мондагори устод Лоиқ Шералӣ дар рушди адабиёту фарҳанги муосири Тоҷикистон қайд кард, ки устод Лоиқ рисолаташро дар сурудани шеъри асил ва эҳёи асолати шеъри миллӣ шинохта, дар иҷрои ин рисолат ба тавфиқи комил даст ёфта буд. Устод Лоиқ бо сурудани беҳтарин шеърҳо дар васфи модари тоҷик, тасвири  даврони бачагии дар русто гузашта, ситоиши ҷавонии пур аз ишқу шӯру шааф, тамҷиди шахсиятҳои худогоҳу худшиноси миллат, бузургдошти Ватан ва посдории арзишҳои миллӣ, гиромидошти забони модарӣ, сӯгвории рӯзҳои сахти миллат ва  шодбоши ваҳдату саодати он, тарғиби умумияти маънавиву фарҳангии мардумони ориёӣ ва такрими мероси муштараки ниёкон ба тақвияти бунёди таърихиву миллии шеъри тоҷикӣ ва густариши беш аз пеши шеъри худшиносӣ дар адабиёти тоҷикии пас аз солҳои шастум саҳми бузург гузошт. Аз ин ҷост, ки шеъри устод Лоиқ мазҳари ҳофизаи таърихӣ ва ҳувияти милливу маънавии халқи тоҷик аст ва розҳои гузашта, ниёзҳои имрӯз ва фарозҳои фардои миллатро бозгӯ мекунад.

Сафири Тоҷикистон аз ибтикороти адабпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бузургдошти ному осори устод Лоиқ ёдовар шуда, маҳбубияти шеъри Лоиқро дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабон далели пояндагиву ҷовидонагии осори ин гӯяндаи замонҳо донист.

Яке аз шахсиятҳои шинохтаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил дар суханронии худ Тоҷикистони қабл аз истиқлолро ба сандуқчаи ҷавоҳироте монанд кард, ки мардуми Эрон дар куҷо будани онро медонистанд, вале аз гавҳарҳое, ки  дар он ниҳон буд,  огоҳ набуданд. Ба шарофати Истиқлоли Тоҷикистон мардуми эронӣ бо ном ва осори  бузургмардони адабу илму фарҳанги кишвари ҳамзабонашон, мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Мӯъмин Қаноат ва дигарон  шинос шуданд. Ҳаддоди Одил устод Лоиқ Шералиро аз табори ҳамин бузургмардони хираду андешаи тоҷик номид ва корномаи адабиву фарҳангии ӯро дар Тоҷикистони муосир шабеҳи хадамоти Маликушшуаро Баҳор барои адабиёту забони форсии Эрон донист.

Дар маҳфили бузургдошти устод Лоиқ Шералӣ ҳамчунин паёми Вазири неруи ҶИЭ ва ҳамраиси эронии Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ Ризо Ардакониён қироат гардид, ки дар он нақши шеъри устод Лоиқ дар посдошти арзишҳои муштараки фарҳангӣ миёни ду кишвар мавриди арҷгузорӣ қарор гирифт. Вазири неру шеъри устод Лоиқро ба шайпуре ташбеҳ дод, ки на танҳо баҳри бедории миллӣ ва тақвияти ҳофизаи таърихии миллати Тоҷикистон, балки барои ҳушдори мардуми минтақа аз равандҳои ҳувиятзудои замони муосир дамида шудааст.

Дар суханронии худ Сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ бозтоби густардаи ҳувият ва худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллат ва посдошти забони модариро дар шеъри муосири Тоҷикистон аз хидматҳои мондагори Лоиқ Шералӣ донист ва шеъри устодро омили пайвасти гузаштаву имрӯзи тоҷикон ва  форсизабонон  хонд.

Дар маҳфили ёдбуди устод Лоиқ Шералӣ ҳамчунин Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, адибон ва донишмандони шинохтаи тоҷик Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмон Абдуманнонов, Сафар Абдуллоҳ,  шоир ва муҳаққиқи эронӣ Ҳасани Қарибӣ андешаҳояшонро доир ба шахсият ва шеъри Лоиқ Шералӣ, хидмати устод дар таҷдиди анвоъ ва муҳтавои шеъри муосири тоҷик,  ҷанбаҳои ҳунарии шеър ва ҷилваҳои нубуғи шоиронаи Лоиқ, иртиботи ашъори устод бо назми кишварҳои ҳамзабон ва дар маҷмӯъ доир ба розу рамзи шукӯҳу азамат ва мондагории осори устод Лоиқ баён карданд.

Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон ба муносибати маҳфили гиромидошти ном ва осори Лоиқ Шералӣ китоберо бо номи “Зиндагинома ва хадамоти илмиву фарҳангии устод Лоиқ Шералӣ – адиб ва шоири Тоҷикистон” таҳия ва нашр кард, ки он шомили мақолаҳои олимони тоҷик  ва эронӣ дар бораи зиндагӣ ва корномаи адабиву фарҳангии Лоиқ аст.

Дар фарҷоми маҳфили ёдбуд маросими рӯнамоӣ аз ин китоб сурат гирифта, ҳамчунин “Сипосномаи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ба мардуми шариф ва дӯсту бародари Тоҷикистон” ба муносибати гиромидошти Лоиқ Шералӣ  ба Сафири Тоҷикистон супорида шуд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 26, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд