Дар Тошканд ҷаласаи навбатии ШҲМ СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор шуд

Май 3, 2021 14:25

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 30 апрели соли 2021 дар Тошканд дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ зиёда аз 60 масъалаи фаъолияти ҷории Созмонро дар бар гирифт. Ҳамоҳангсозони миллӣ раванди омодагӣ ба чорабинии асосӣ – ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ-ро, ки     16-17 сентябри 2021 дар Душанбе дар шакли ҳузурӣ баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.

Дар мавриди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ 13-14 июли соли 2021 дар Душанбе, ки ҷониби Тоҷикистон дар чорчӯби он баргузор намудани ҷаласаи Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон”-ро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ пешниҳод кард, табодули афкор сурат гирифт. Дар ин радиф лоиҳаи Нақшаи чораҳои амалии мусоидат ба барқарорсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон баррасӣ гардид.

Ҳамоҳангсозони миллӣ дар бораи давраи нави ҷойивазкунии мансаби роҳбарони мақомоти доимамалкунандаи СҲШ табодули афкорро идома дода, ҷараёни татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021-ро муфассал баррасӣ карданд.

Давлатҳои узви СҲШ аз қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Ҳамкории СММ бо СҲШ”, ки онро Тоҷикистон пешбарӣ карда буд, истиқбол намуда, натиҷаҳои чорабинии тахассусии сатҳи баланди СҲШ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткориро, ки таҳти ҳамраисии ҷонибҳои Тоҷикистон ва Россия баргузор шуд, баланд арзёбӣ карданд.

Мувофиқа гардид, ки дар чорчӯби ҷаласаи навбатии ШҲМ СҲШ чорабинии махсуси ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узв бо намояндагони ваколатдори вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ баргузор шавад.

Бояд гуфт, ки ШҲМ фаъолияти умумии СҲШ-ро ҳамоҳанг менамояд. Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ” мегузарад.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Май 3, 2021 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд