ФУТБОЛ. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳо ба муқобили дастаҳои Ироқ ва Тайланд муайян шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Усмон Тошев рӯйхати варзишгаронро муайян кард, ки барои омодагӣ ба бозиҳои рафиқона ба муқобили дастаҳои мунтахаби Ироқ (24 май, Басра) ва Тайланд (29 май, Дубай) даъват карда мешаванд. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 25 бозингар иборат хоҳад буд – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар, 5 ҳамлагар. Аз ҷумла ба дастаи миллӣ 7 легионер даъват гардидаанд – ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), ҳамлагарон Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия) ва Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова).
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дарпешистода 20 май дар Душанбе шурӯъ мекунад. 22 май ҳайати даста барои бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби Ироқ ба Басра сафарбар мегардад. Пас аз бозӣ ҳайати даста ба АМА меравад ва дар Шарҷа бо дастаи миллии Тайланд вомехӯранд. Баъдан дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Осакаи Япония сафарбар гардида, дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаҳои мунтахаби Япония (7 июн) ва Мянма (15 июн) анҷом медиҳад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои рафиқона ба муқобили дастаҳои мунтахаби Ироқ (24 май) ва Тайланд (29 май).
Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)
Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)
Ҳимоятгарон:
Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон)
Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)
Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»)
Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)
Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Алиҷон Кароматуллозода (КМВА)
Нимҳимоятгарон:
Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон)
Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)
Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон)
Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)
Ислом Зоиров («Истиқлол»)
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»)
Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе)
Алиҷони Айнӣ (озод)
Ҳамлагарон:
Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия)
Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Рустам Соиров («Истиқлол»)
Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»)
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).
Аксҳо аз ФФТ









БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






