ФУТБОЛ. Беҳтарин бозингар ва мураббии моҳи апрел дар Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи апрелро таҳлил карда, беҳтарин бозингар ва мураббии моҳро дар Чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Беҳтарин бозингари моҳи апрел ҳамлавари дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Азизбек Султонов дониста шуд. Моҳи гузашта ӯ ду гол ба нишон расонида, дар ду рақобат беҳтарин бозингар дар майдон эътироф гардид.
Ҳамчунин беҳтарин мураббии моҳи апрел сармураббии дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Тоҳир Муъминов эълон шуд. Зери роҳбарии Тоҳир Муъминов дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар чаҳор рақобат 8 имтиёз ба даст овард.
Пеш аз оғози даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба ҳар кадом ҷоизадори моҳи апрел дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






