ФУТБОЛ. Дастаҳои «Хуҷанд» ва «Равшан» имконияти аз гурӯҳ баромаданро аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи Тоҷикистон: барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020- «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020- «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб имконияти аз гурӯҳҳои худ баромаданро аз даст дода, аз идомаи мубориза барои Ҷоми КФО-2021 маҳрум шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ дар гурӯҳи «F» дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд аз дастаи «Насаф»-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид. Ин бозӣ 17 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи «Олтин Асир»-и Туркманистон бар дастаи футболи «Олой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд.
Дар гурӯҳи «Е» дар шаҳри Бишкек дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дастаи «Дордой»-и Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳамин тариқ, новобаста ба натиҷаи бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи «Е» дастаи «Аҳал»-и Туркманистон бо 6 хол ғолиб шуд. Дар гурӯҳи «F» «Насаф»-и Ӯзбекистон бо 6 хол, «Олтин Асир»-и Туркманистон бо 4 хол дар ҷойҳои якуму дуюм мавқеъ доранд ва барои ғолиби гурӯҳ шудан дар даври сеюм байни ҳам вомехӯранд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ 20 май баргузор мешаванд. Дар Душанбе дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи «Олой»-и Қирғизистон ва дар шаҳри Бишкек дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бозӣ мекунанд.
Ҷоми КФО-2021
Минтақаи Марказӣ
Гурӯҳи «F». 2-юм давр
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Насаф» (Ӯзбекистон) — 0:3
Голҳо: Акмал Мозговой, 10 (0:1). Ҳусниддин Алиқулов, 42 (0:2). Шерзод Насруллоев, 45+1 (0:3).
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» — 4:5
Голҳо: Ойбек Абдуғафоров, 2 (0:1). Айдар Мамбеталиев, 29 (1:1). Алтимурод Аннадурдиев, 41 – аз пеналтӣ (1:2). Вазиргелдӣ Илёсов, 44 (1:3). Михаил Титов, 48 (1:4). Гуйчмурат Аннақулиев, 72 (2:4). Фурқат Турсунов, 84 (3:4). Адилет Нурлан, 90 (4:4). Алтимурод Аннадурдиев, 90+3 – аз пеналтӣ (4:5)
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Насаф» (Ӯзбекистон) | 2 | 2 | 0 | 0 | 7-0 | 6 |
| 2 | «Олтин Асир»(Туркманистон) | 2 | 1 | 1 | 0 | 7-6 | 4 |
| 3 | «Хуҷанд» (Тоҷикистон) | 2 | 0 | 1 | 0 | 2-5 | 1 |
| 4 | «Олой» (Қирғизистон) | 2 | 0 | 0 | 2 | 4-9 | 0 |
Бозиҳои оянда:
3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
17:00. «Насаф» (Ӯзбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
21:05. «Хуҷанд» (Тоҷикистон)– «Олой» (Қирғизистон)
Гурӯҳи «Е». 2-юм давр
«Дордой»-и Қирғизистон – «Аҳал» (Туркманистон) – 0:2
Голҳо: Александ Мишченко, 7 (0:1). Элман Тагаев, 78 (0:2).
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Аҳал» (Туркманистон) | 2 | 2 | 0 | 0 | 5-1 | 6 |
| 2 | «Равшан» (Тоҷикистон) | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-3 | 0 |
| 3 | «Дордой» (Қирғизистон) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
Бозиҳои оянда:
3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
19:00. «Дордой» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд






