ФУТБОЛ. «Хуҷанд» ба дастаи «Олой»-и Қирғизистон ғолиб омад

Май 21, 2021 16:06

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи  марказии шаҳри Душанбе барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020- дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 бар дастаи «Олой»-и Қирғизистон  бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Пирӯзии дастаи футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд тавассути зарбаҳои нишонраси Дилшод Бозоров ва Абдулмуъмин Забиров имконпазир гардид. Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Ӯзбекистон- дастаи  футболи   «Насаф» дар ҳар се бозӣ пирӯз шуда, ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми КФО-2021 гардид. Акнун дар даври финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2021  дастаи футболи  «Насаф»-и   Ӯзбекистон    бо дастаи «Аҳал»-и Туркманистон, ки дар гурӯҳи  «Е» ғолиб шуд, бозӣ мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷоми КФО-2021
Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «F». 2-юм давр
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Насаф» (Ӯзбекистон) — 0:3
Голҳо: Акмал Мозговой, 10 (0:1). Ҳусниддин Алиқулов, 42 (0:2). Шерзод Насруллоев, 45+1 (0:3).

«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» — 4:5

Голҳо: Ойбек Абдуғафоров, 2 (0:1). Айдар Мамбеталиев, 29 (1:1). Алтимурод Аннадурдиев, 41 – аз пеналтӣ (1:2). Вазиргелдӣ Илёсов, 44 (1:3). Михаил Титов, 48 (1:4). Гуйчмурат Аннақулиев, 72 (2:4). Фурқат Турсунов, 84 (3:4). Адилет Нурлан, 90 (4:4). Алтимурод Аннадурдиев, 90+3 – аз пеналтӣ (4:5)

Гурӯҳи «Е». 2-юм давр
«Дордой»-и Қирғизистон – «Аҳал» (Туркманистон) – 0:2
Голҳо: Александ Мишченко, 7 (0:1). Элман Тагаев, 78 (0:2).

Ҷоми КФО-2021

Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «F». 3-юм давр

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон) – 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 27 (1:0). Абдулмуъмин Забиров, 50 (2:0).

«Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 2:0

Голҳо: Шоҳмалик Комилов, 27 – аз пеналтӣ (1:0). Ҳусайн Норчаев, 35 (2:0).

Б Ғ М Б Т-Т Х
1  «Насаф» (Ӯзбекистон) 3 3 0 0 9-0 9
2  «Хуҷанд» (Тоҷикистон)  3 1 1 1 4-5 4
3 «Алтин Асир» (Туркманистон) 3 1 1 1 7-8 4
4 «Алай» (Қирғизистон) 3 0 0 3 4-11 0

Гурӯҳи «Е». 3-юм давр

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 0:3

Голҳо: Коҷо, 17 (0:1). Абай Боколеев, 39 (0:2). Абай Боколеев, 83 (0:3).

Б Ғ М Б Т-Т Х
1  «Аҳал» (Туркманистон) 2 2 0 0 5-1 6
2  «Дордой» (Қирғизистон) 2 1 0 1 3-2 3
3  «Равшан» (Тоҷикистон)  2 0 0 2 1-6 0
Май 21, 2021 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд