Хусрав Нозирӣ ва Муҳаммад Зоҳир Ағбар раванди музокироти сулҳи байниафғониро баррасӣ намуданд
ДУШАЕБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 май муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни вазъи кунунии Афғонистон, бахусус раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, омодагӣ ба баргузории Конфронси сулҳ дар Истанбул, пайомадҳои эҳтимолии хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Дар ин росто, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша аз мавқеи Ҳукумати Афғонистон ва кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар он кишвар ҳимоят мекунад.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид






