Имконияту зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Шабакаи TV «O’zbekiston 24» муаррифӣ мегарданд

Май 19, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи эҷодии Шабакаи давлатии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, ки аз панҷ нафар иборат аст,  ҷиҳати таҳияи барномаҳои тарғибкунандаи дӯстӣ ва имконияти сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати эҷодӣ барномаи худро бо истифода аз наворҳои тоза аз ҳаёти муосири Тоҷикистон, анъанаҳои миллӣ, корхонаҳои муштарак, дастовардҳо дар соҳаи иқтисоду сайёҳӣ, лаҳзаҳои нодир аз шиносоӣ бо фарҳанги ғании тоҷикон ва табиати нотакрори он таҳия менамояд.

Сафари ҳайати эҷодӣ 17 май оғоз гардида, то 24 май идома  меёбад. Зимни сафар рӯзноманигорон аз маконҳои фарҳангию сайёҳии минтақаҳои  Турсунзода, Ҳисор, Душанбе, Хатлон ва Суғд дидан менамоянд.

Аз ҷумла, ҳайати рӯзноманигорони Ӯзбекистон аз ангурбоғҳои шаҳри Турсунзода, назири боғҳои «Сомон», «Ҳоҷӣ Камол», «Ҳоҷӣ Неъмат», Қалъаи Ҳисор, «Кохи Наврӯз», Бозори «Меҳргон», Боғи Алишери   Навоӣ, корхонаи муштараки саноатии «Artel» боздид намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз шаҳри Турсунзода гузориш дод, ки дар сарҳади ду кишвари бо ҳам дӯст рӯзноманигорону меҳмонон бо як зумра шаҳрвандони ду  кишвар  суҳбат намуданд. Аз ҷониби шаҳрвандони ҳарду ҷониб зикр гардид, ки «дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дӯстиву рафоқати давлатӣ барқарор гардидааст.  Ҳарчанд карантини бемории коронавирус имрӯз барои рафтуомад каме монеа эҷод кардааст, вале дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бидуни сарҳад буда, мо ифтитоҳи сарҳадро бесаброна интизорем».

Дар Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»  доир ба фаъолияти хоҷагӣ, дастгириҳои муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати густариши токпарварӣ ва ташрифи роҳбарони олии ду давлати дӯст ба токзори хоҷагӣ суҳбат ороста шуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Ватан» суҳбати кишоварзи шинохта, токпарвари номӣ Неъмат Усмонов бо рӯзноманигорон ба вуқӯъ пайваст. Токпарвари шинохта иброз дошт, ки «дар Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат тамоми халқҳо, аз ҷумла халқҳои бародари тоҷику ӯзбек  дӯсту ҳамдилона зиндагонӣ карда, ҷиҳати пешрафт ва шукуфоии мамлакат саҳм мегузоранд».

Неъмат Усмонов ба меҳмонон доир ба фаъолияти хоҷагӣ, парвариши навъҳои гуногуни ангур ва навъҳои мухталифи дарахтони нодир,  анҷоми корҳои обониву саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ маълумот манзур намуд.

Инчунин рӯзноманигорони Ӯзбекистон ба вилояти Хатлон сафар карда, мавзеъҳои таърихию сайёҳии «Чилучорчашма», «Хоҷа Машҳад» ва дар вилояти Суғд ёдгориҳои бостонии Қалъаи муғи Истаравшан, растаи ҳунармандон, хусусан кордсозони Истаравшан ва мавзеъҳои таърихии шаҳри бостонии Хуҷандро тамошо менамоянд.

Бояд зикр кард, ки рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон сол то сол раванди устувор касб карда, нуфузи кишвар дар ин самт дар арзёбиҳои минтақавию байналмилалӣ зина ба зина боло меравад. Инъикос ва тарғиби дастовардҳои сайёҳӣ, маконҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебову нотакрор ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар расонаҳои минтақавию байналмилалӣ далели рушд ва густариши соҳаи сайёҳӣ дар баробари дигар соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

    Расмҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Май 19, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
Дар шаҳри Панҷакент Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба истифода дода шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2025 фаъолияти назаррас дошт
Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
Имсол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 40 ҳазор сайёҳ ворид гардид