Имрӯз ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешавад

Май 1, 2021 07:30

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 май ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» 30 апрел бо истинод ба хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки 30 апрели соли 2021 дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи «Гулистон» ва гузаргоҳи «Қизил-Бел» мулоқоти гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев баргузор гардид.

Дар натиҷа тарафҳо аз соати 13:00-и 30 апрели соли 2021 ба мувофиқа расиданд, ки хуруҷи мутақобилаи тамоми намудҳои неру ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамониати шаҳрвандонро таъмин кунанд. Бо мақсади таъмини иҷрои созишномаҳои бадастомада таҳти роҳбарии фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Инчунин қарор дода шуд, ки 1 майи соли равон дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор карда шавад.

                                                     АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 1, 2021 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд