Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор мегардад

Май 19, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кори ҷаласаи мазкур, ки таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад, вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия ширкат хоҳанд кард.

Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилалию минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур бастаи ҳуҷҷатҳо қабул мегардад.

Пеш аз оғози ҷаласаи ШВКХ, вазирони корҳои хориҷиро, тавре ки интизор меравад, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳанд пазируфт.

Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ААД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд. 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар иҷлосия дар Москва дар бораи табдил додани механизмҳо ва сохторҳои ҳамкории кишварҳои узви ААД ба созмони байналмилалии минтақавӣ — «Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ» ва ба он додани мақоми дахлдор қарор қабул кард. 18 сентябри соли 2003 Оинномаи СААД эътибор пайдо кард. Ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ инҳо шомиланд: Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 раёсати Созмонро ба уҳда дорад.

Май 19, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд