Имсол дар Хуҷанд қариб 40 км роҳҳо мумфарш мегарданд
ХУҶАНД, 22.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мумфаршкунии қариб 40 км роҳҳои асосӣ ва кӯчаву хиёбонҳо пешбинӣ гардида, давоми моҳҳои март – апрел бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ватандўст қариб 10 километр роҳҳои дорои аҳамияти дохилишаҳриву байни маҳаллаҳо асфалтпӯш гардонида шудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, кормандони Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр яке аз кӯчаҳои серҳаракати маркази вилоят — кўчаи Константин Калинников (собиқ Мичурин)-ро ба масоҳати беш аз 3000 метри мураббаъ пурра мумфарш намуда, ҳамзамон ҷўйборҳои канори онро навсозӣ ва чароғпояҳои нав низ насб намуданд.
Мумфаршкунии роҳҳо дар яке аз шоҳроҳҳои асосии маркази вилоят — хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки ба самти роҳ ба фурудгоҳи шаҳрӣ ва истгоҳи роҳи оҳани вилоят равона гардидааст, аз қисмати мавзеи меҳмонхонаи “Эҳсон” то кӯчаи Мичурин оғоз гардид.
Айни замон корҳои мумфаршкунии роҳҳо дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳр дар мавзеи “Спутник” -и маҳаллаи Пахтакор низ шурӯъ гардидаанд.
Аксҳо аз дафтари матбуоти МИҲД-и ш.Хуҷанд








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад






