Иштирокчиёни «Евровидение» дар бораи суруди «Russian Woman» ибрози назар намуданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни «Евровидение-2021» аз Хорватия ва Австралия дастгирии худро аз овозхон Манижа, ки Россияро дар озмуни дарпешистода бо суруди «Russian Woman» («Зани рус») муаррифӣ мекунад, иброз намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад.
Зимни мусоҳиба дар шабакаи YouTube-и саҳифаи озмуни байналмилалии суруд овозхони хорватӣ Албина изҳор дошт, ки омода аст ба овозхони рус миқдори зиёдтарини холҳо — дувоздаҳ бидиҳад.
«Манижа ба ман маъқул аст. Вай хеле боғайрат, мустақил ва бисёр самимӣ аст. Суруди ӯ ҳовии беҳтарин паём аст — дар ин замина ин хеле муҳим аст: «Ҳар як зани рус бояд бидонад, ки ту ба андозаи кофӣ қавӣ ҳастӣ, ки деворро бишиканӣ», — шарҳ дод Албина.
Ҳунарманди австралиягӣ Монтене низ Манижаро маҳбуби худ дар «Евровидение» номид ва эътироф кард, ки аз худаш дувоздаҳ хол маҳз ба ӯ медиҳад. Дар ҳамин ҳол, соли гузашта овозхон иштирокчӣ аз Исландияро интихоб карда буд.
«Ин интихоби душвор аст, чунки мисли пештара Исландия ба ман маъқул аст, аммо имсол ман раъйи худро ба Манижа аз Россия хоҳам дод. Ман мафтуни ӯ шудам. Вай олиҷаноб аст», — эътироф кард Монтен.
Озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» аз 18 то 22 май дар Ahoy Arena дар Роттердам баргузор мешавад.
АКС: news2world.net








ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






