Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи изтирории Кумитаи иҷроияи СҲИ
ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 май бо ташаббуси Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаласаи изтирории маҷозии Кумитаи иҷроияи Созмони ҳамкории исломӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати баррасии амалиёти низомии Исроил дар Фаластин ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СҲИ Акрам Каримӣ иштирок намуд.
Дар фароварди нишаст аз ҷониби Дабирхонаи кулли СҲИ ва кишварҳои узви Кумитаи иҷроияи ин созмон қатъномаи дахлдор қабул гардид.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






