Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи 5-умин намоишгоҳи байналмилалии «Роҳи Абрешим»

Май 12, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 11 май дар Сиан дар маросими ифтитоҳи 5-умин намоишгоҳи байналмилалии «Роҳи Абрешим», ки таҳти шиори «Пайвастагӣ, сохтмон ва истифодаи муштарак» мегузарад, сухан гуфт.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ аҳамияти намоишгоҳи байналмилалии «Роҳи Абрешим» -ро ҳамчун барномаи нав барои рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа зикр намуд.

Аҳамияти баргузории чунин намоишгоҳҳо бо мақсади шиносоӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқҳо ва муаррифии молҳои миллӣ,  имконияти мавҷуда барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ, инчунин соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия зикр карда шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин пешниҳод кард, ки талошҳо барои истифодаи самараноки неруи бузурги минтақа дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ идома дода шаванд.

Май 12, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд