Кишти кӯкнор дар Афғонистон афзоиш ёфтааст

Май 4, 2021 08:52

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Назарсанҷии муштараки Идораи миллии омори Афғонистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки соли 1399 (2020 — 2021) заминҳои кишти кӯкнор дар Афғонистон 37% васеъ карда шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Садои Амрико» www.darivoa.com.

Аҳмад Ҷовид Расулӣ, раиси Идораи миллии омор ва иттилооти Афғонистон гуфт, ки дар соли 1399 (2020 — 2021) дар саросари Афғонистон дар 224 ҳазор гектар замин кӯкнор кишт шудааст, ки ин дар муқоиса бо соли 1398 хеле зиёд аст.

Ин дар ҳолест, ки мутобиқи омори расмӣ дар соли 1398 (2019) дар саросари Афғонистон дар 163 ҳазор гектар замини кӯкнор кишт шуда буд.

Анҷела Мэй, мудири таҳқиқот ва таҳлили Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ гуфт, ки сарфи назар аз мушкилоти вобаста ба уфунати «Ковид-19”, оҷонсӣ дар ҳамкорӣ бо Идораи миллии омор ва иттилооти Афғонистон тавонист ин назарпурсиро анҷом диҳад.

Хонум Мэй қайд кард, ки: «Истеҳсоли афюн наздики 6300 тоннаро ташкил медиҳад ва ин омори бетарафонаи расмӣ аст».

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки 68% майдонҳои кӯкнор (тақрибан 153,000 га) дар ҷануб ва ҷанубу ғарби Афғонистон воқеъ мебошанд.

Намояндаи СММ инчунин қайд кард, ки дар соли 2021 мақомоти дахлдори Афғонистон маъракаи  нест кардани майдоҳои кишти кӯкнорро умуман оғоз накарданд ва далели он хуруҷи коронавирус номида шудааст.

Дафтари миллии омор ва иттилоот мегӯяд, ки пурсиш бо истифода аз технологияи Remote sensing (санҷиши фосилавӣ), ки муосиртарин модели оморӣ мебошад, гузаронида шудааст.

Май 4, 2021 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид